Дар АМИТ гуфтанд, ки чаро истгоҳи русӣ-тоҷикӣ дар Помир зарур аст

© Sputnik Снегопад по дороге в Худжанд
Снегопад по дороге в Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2023
Обуна шудан
Пас аз сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав Донишкадаи Курчатов аз ифтитоҳи филиал дар истгоҳи илмии эҳёшудаи "Помир-Чакалтой" хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Пажӯҳишгарони Русия ва Тоҷикистон дар Помир шуоҳои хеле пурқудрати кайҳонро меомӯзанд.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ноиби президенти Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои физикаю математика Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.
"Ин яке аз мушкилоти муҳимтарини астрономия ва астрофизикаи муосир аст", — таъкид кард вай.
Ба гуфтаи ӯ, чунин пажӯҳиш метавонад ба пайдоиши коинот равшанӣ бахшад.
Пас аз сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав Донишкадаи Курчатов аз ифтитоҳи филиал дар истгоҳи илмии эҳёшудаи Помир-Чакалтой хабар дод.
Афзалияти он шуоъҳои ултра-энергетикии кайҳонӣ — оқибатҳои калонтарин таркишҳо дар галактикаи мо хохад буд.
Логотип государственной корпорации по атомной энергии Росатом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2023
"Росатом" ба Тоҷикистон дар барқарорсозии реактори "Аргус" кумак хоҳад кард
"Помир — Чакалтой" лоиҳаи нодири байналхалқӣ — дар мавзеи баландкӯҳ барпо намудани маркази нодири тадқиқотӣ мебошад.
Мақсади тадқиқот муфассал омӯхтани ҳодисаҳо ва равандҳои принсипан нав, ки дар шуоҳои кайҳонӣ дар энергияи ултра баланд мушоҳида карда мешаванд, мебошад.
Сухан дар бораи энергияе меравад, ки дар шароити лабораторй ба наздикӣ бо ба кор андохта шудани коллайдери-тезатори LHC дар Маркази тадқиқоти ядроии Аврупо пайдо шуданд.
Ба гуфтаи вай, чунин пажӯҳиш метавонад ба пайдоиши коинот равшанӣ бахшад.
Лентаи хабарҳо
0