Раҳмон аз хатари тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон гуфту хостори таъсиси як марказ шуд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2023
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон ба ин назар аст, ки аз тағйирёбии иқлим дар минтақа беш аз ҳама давлати ӯ зарар мебинад ва хостори бештари ҳамкорӣ шуд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дорад, ки дар Тоҷикистон Маркази минтақавии мониторинг ва омӯзиши пиряхҳо таъсис шавад..
Дар ин бора раисҷумҳури ӯ зимни суханронияш дар Конфронси СММ доир ба тағйирёбии иқлим дар Дубай изҳор дошт.
Ҳадафи таъсиси чунин иқдодро вай арзёбии дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои минтақа омузиши ҳамаҷониба ва мониторинги онҳо хонд.
Ба таъкиди Раҳмон бо назардошти онки 60% обҳои Осиёи Марказӣ аз пиряхҳо ва захираҳои барфии Тоҷикистон маншаъ мегиранд, чунин марказ бояд дар Душанбе таъсис шавад.
Крупнейшие ледники Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Пиряхҳои калонтарин дар Тоҷикистон: 7 бузургтарин куҳи булурин
Вай дар идома гуфт, ки тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои ташвишовар буда, таъсири пайомадҳои манфии он ба аҳдофи рушди устувори Тоҷикистон монеи ҷидди эҷод мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи пешгӯиҳои коршиносон то соли 2050 тақрибан 30 фоизи аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонад.
Дар идома Раҳмон афзуд, ки манбаъҳои оби тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки асосан аз пиряхҳо ва захираҳои барфӣ маншаъ мегиранд, маҳз таҳти таъсири тағйир ёфтани иқлим коҳиш ёфта ва то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд.
“Айни замон бинобар тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ масоҳати пиряхҳо босуръат коҳиш меёбад. Таъкиди ин гуфтаҳоро мо дар мисоли Тоҷикистон мебинем”, - афзуд президент.
Ӯ таъкид кард, ки аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазораш об шуда, боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ дар кишвар гардидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд дар амри амалӣ намудани муқаррароти қатъномаи мазкур иброз доштанд.
Раҳбари кишвар изҳори боварӣ кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, дар татбиқи саривақтии дигар ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба об, бахусус натиҷаҳои Конфронси дуюми оби СММ, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор гардид, саҳм хоҳад гузошт.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳо дар татбиқи рӯзномаи глобалии обу иқлим минбаъд низ талошҳои худро идома хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0