https://sputnik.tj/20231202/mintaqa-sugd-naqsha-davati-javonon-safi-artishro-ijro-1060693101.html
Ду минтақаи Суғд нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артишро иҷро карданд
Ду минтақаи Суғд нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артишро иҷро карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиши кишвар хабар доданд
2023-12-02T12:13+0500
2023-12-02T12:13+0500
2023-12-04T12:12+0500
дар тоҷикистон
нақша
даъват ба хидмат
артиш
суғд
истаравшан
мастчоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058732694_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_5c8ed36a328dc46ae8f65ccc2481cda4.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Мақомот дар бораи 100% иҷро шудани нақшаи даъвати наваскарон ба хидмат ба сафи артиши Тоҷикистон дар ду вилояти Суғд хабар доданд.Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Истаравшан, маъракаи тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сари вақт пурра анҷом ёфт.Дар бораи иҷрои нақша ноҳияи Мастчоҳ низ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин маърака бо ташаббуси раиси ноҳия ба 80 нафар, ки ихтиёран ба сафи артиш пайваст шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд.Ёдовар мешавем, даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт.Маврид ба зикр аст, ки аз якуми сентябр арзиши хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар гардид.Ҳамин тариқ аз аввали соли оянда нархи хизмати пулакӣ ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ахиран дастур шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз ҷумла фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон, ки ба тавозуни Вазорати мудофиа гузаронда шуданд, обод карда хоҳанд шуд.Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20231022/naqsha-davat-artish-vazorat-1060083689.html
суғд
истаравшан
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058732694_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_d3bc7af377e5c2d39d68383576541d72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафи артиш, нақша, даъват, ҷавонон, суғд, мастчоҳ, истаравшан
тоҷикистон, сафи артиш, нақша, даъват, ҷавонон, суғд, мастчоҳ, истаравшан
Ду минтақаи Суғд нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артишро иҷро карданд
12:13 02.12.2023 (Навсозишуда: 12:12 04.12.2023) Мақомоти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиши кишвар хабар доданд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Мақомот дар бораи 100% иҷро шудани нақшаи даъвати наваскарон ба хидмат ба сафи артиши Тоҷикистон дар ду вилояти Суғд хабар доданд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Истаравшан, маъракаи тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сари вақт пурра анҷом ёфт.
Дар бораи иҷрои нақша ноҳияи Мастчоҳ низ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин маърака бо ташаббуси раиси ноҳия ба 80 нафар, ки ихтиёран ба сафи артиш пайваст шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд.
Ёдовар мешавем, даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт.
Маврид ба зикр аст, ки аз якуми сентябр арзиши хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар гардид.
Ҳамин тариқ аз аввали соли оянда нархи хизмати пулакӣ ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ахиран дастур шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз ҷумла фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон, ки ба тавозуни Вазорати мудофиа гузаронда шуданд, обод карда хоҳанд шуд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.
Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.