https://sputnik.tj/20231201/rushd-iqtisod-iiao-1060677969.html
ИИАО ба рушди иқтисоди кишварҳои узв чӣ таъсир дорад?
ИИАО ба рушди иқтисоди кишварҳои узв чӣ таъсир дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ 2,5 ва 2,7%-ро ташкил хоҳад дод
2023-12-01T14:14+0500
2023-12-01T14:14+0500
2023-12-01T14:14+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
ҳамгироӣ
кишвар
узв
қазоқистон
арманистон
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058820846_0:86:3046:1799_1920x0_80_0_0_3945d80fab505844643fbf35799d7cc2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҳамгироӣ ба рушди кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсири мусбат дошта, барои додугирифту тавлидот мусоидат мекунад. Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё методологияи арзёбии таъсири равандҳои ҳамгироӣ ба иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро тасдиқ кард. Қаблан президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод кард, ки чунин методология таъсис дода шавад. Методология имкон медиҳад, ки таъсири ҳамгироӣ ба ММД-и ҳар як кишвари иттиҳод аз ҳисоби тиҷорати мутақобилаи мол, хизматрасонӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ бо назардошти ҷузъи интегратсия тавассути тадбирҳои ҳамгироӣ андешида мешаванд, муайян карда шавад.Ахиран Комиссия якҷоя бо пажуҳишгоҳи Академияи илмҳои Русия натиҷаҳои ҳамгироиро барои солҳои 2016, 2020, 2021 ва 2022 ҳисоб кард. Ба гуфтаи ӯ, саҳми аз ҳама бештари ҳамгироӣ дар афзоиши ММД дар Беларус ва сипас дар Қирғизистон ва Арманистон назаррас аст. Ин нишондод дар Қазоқистон ва Русия камтар аст. Глазев таъкид кард, ки дар маҷмуъ ба ҳисоби миёна саҳми ҳамгироӣ ба кишварҳои узви ИИАО дар соли 2022 ба 1,43% аз ММД арзёбӣ шудаст.
https://sputnik.tj/20231130/kishvarhoi-iiao-muzdi-maosh-baland-1060671166.html
қазоқистон
арманистон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058820846_135:0:2866:2048_1920x0_80_0_0_c474870b4a2796a111a324aa78c6cfdf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъсир, ииао, кишвар, узв, иттиҳод
таъсир, ииао, кишвар, узв, иттиҳод
ИИАО ба рушди иқтисоди кишварҳои узв чӣ таъсир дорад?
Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ 2,5 ва 2,7%-ро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҳамгироӣ ба рушди кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсири мусбат дошта, барои додугирифту тавлидот мусоидат мекунад.
Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё методологияи арзёбии таъсири равандҳои ҳамгироӣ ба иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро тасдиқ кард.
Қаблан президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешниҳод кард, ки чунин методология таъсис дода шавад.
Методология имкон медиҳад, ки таъсири ҳамгироӣ ба ММД-и ҳар як кишвари иттиҳод аз ҳисоби тиҷорати мутақобилаи мол, хизматрасонӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ бо назардошти ҷузъи интегратсия тавассути тадбирҳои ҳамгироӣ андешида мешаванд, муайян карда шавад.
Ахиран Комиссия якҷоя бо пажуҳишгоҳи Академияи илмҳои Русия натиҷаҳои ҳамгироиро барои солҳои 2016, 2020, 2021 ва 2022 ҳисоб кард.
"Таъсири равандҳои ҳамгироӣ ба афзоиши фаъолияти иқтисодӣ дар кишварҳои ИИАО назаррас аст ва бар асоси ҳисобҳо барои солҳои 2016 ва 2022 мо мебинем, ки он афзоиш меёбад", - гуфт вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди КИАО, Сергей Глазев.
Ба гуфтаи ӯ, саҳми аз ҳама бештари ҳамгироӣ дар афзоиши ММД дар Беларус ва сипас дар Қирғизистон ва Арманистон назаррас аст. Ин нишондод дар Қазоқистон ва Русия камтар аст.
Глазев таъкид кард, ки дар маҷмуъ ба ҳисоби миёна саҳми ҳамгироӣ ба кишварҳои узви ИИАО дар соли 2022 ба 1,43% аз ММД арзёбӣ шудаст.