https://sputnik.tj/20231201/fokhtak-paranda-sol-tojikiston-1060676411.html
Фохтак барандаи интихоботи парандаҳо дар Тоҷикистон шуд
Фохтак барандаи интихоботи парандаҳо дар Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар интихобот номзадии 8 намуди паранда пешниҳод гардид, аммо аксари олимону табиатшиносон дар Академияи миллии улуми Тоҷикистон Фохтакро арзанда донистанд
2023-12-01T10:23+0500
2023-12-01T10:23+0500
2023-12-01T18:07+0500
дар тоҷикистон
табиат
ҳифз
парандаҳо
интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/01/1060687453_0:111:2121:1304_1920x0_80_0_0_e0d7e0162205d30b8891035c2b1a9818.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар интихоботи парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Фохтак аз 35 овоз 28 ададро соҳиб шуд. Озмуни "Парандаи сол" ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби бахши табиатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ гузаронда мешавад. Ҳоло тасвири баранда дар тақвимҳо ҷойгир карда мешавад, ки бо теъдоди 3 ҳазор нусха нашр мегардад. Фохтак, ки ғуррак ҳам меноманд, аз мусича калонтар ва аз кабӯтари саҳроӣ майдатар буда, зери гарданаш тавқҳои холмонанд дорад ва рӯйи болҳояш ҳам пурхол аст. Бархе аз забоншиносҳо бар инанд, ки номи аслии паранда Фохта мебошад, ки онро куку, ё кафтари ёбоӣ низ ном мебаранд. Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур ҳамасола барои ҷалби таваҷҷуҳ ба бахши ҳифзи табиат гузаронда мешавад. Дар озмуни қаблӣ парандаи соли 2023 Саъба интихоб шуда буд. Солҳои пешӣ барандаҳои маъракаи интихоботӣ дар Академияи миллии илмҳо кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳудҳуд, шоҳин, парасту, уқоб ва заргулдор эълон гардида буданд.
https://sputnik.tj/20230928/zeboii-garmchashma-nohiyai-ishkoshimi-vmkb---video-1059661295.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/01/1060687453_118:0:2003:1414_1920x0_80_0_0_04055887db7e17d31e4bd33fdd9f394f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паранда, баранда, фохтак, тоҷикистон, интхобот
паранда, баранда, фохтак, тоҷикистон, интхобот
Фохтак барандаи интихоботи парандаҳо дар Тоҷикистон шуд
10:23 01.12.2023 (Навсозишуда: 18:07 01.12.2023) Дар интихобот номзадии 8 намуди паранда пешниҳод гардид, аммо аксари олимону табиатшиносон дар Академияи миллии улуми Тоҷикистон Фохтакро арзанда донистанд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар интихоботи парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Фохтак аз 35 овоз 28 ададро соҳиб шуд.
Озмуни "Парандаи сол" ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби бахши табиатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ гузаронда мешавад.
Ҳоло тасвири баранда дар тақвимҳо ҷойгир карда мешавад, ки бо теъдоди 3 ҳазор нусха нашр мегардад.
Фохтак, ки ғуррак ҳам меноманд, аз мусича калонтар ва аз кабӯтари саҳроӣ майдатар буда, зери гарданаш тавқҳои холмонанд дорад ва рӯйи болҳояш ҳам пурхол аст.
Бархе аз забоншиносҳо бар инанд, ки номи аслии паранда Фохта мебошад, ки онро куку, ё кафтари ёбоӣ низ ном мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур ҳамасола барои ҷалби таваҷҷуҳ ба бахши ҳифзи табиат гузаронда мешавад.
Дар озмуни қаблӣ парандаи соли 2023 Саъба интихоб шуда буд.
Солҳои пешӣ барандаҳои маъракаи интихоботӣ дар Академияи миллии илмҳо кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳудҳуд, шоҳин, парасту, уқоб ва заргулдор эълон гардида буданд.