Маблағи ҷарима дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир меёбад - инфографика

Обуна шудан
Қариб ҳамаи ҷаримаҳо дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 5,88% афзоиш меёбанд, зеро меъёри ҳисоббаробаркунӣ аз 68 то 72 сомонӣ афзоиш меёбад
Тоҷикистон муҷозот барои як қатор қонуншиканиҳои маъмурӣ ва ҷиноиро сахттар мекунад.
Масалан, барои воридот, нигоҳдорӣ ва фурӯши маводи пиротехникӣ нисбат ба соли ҷорӣ ду маротиба бештар ҷарима пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол порахӯрон ба хазинаи давлат сар аз соли оянд қариб як миллион сомонӣ хоҳанд дод. Ин дар ҳолест, ки имсол ҷарима каме бештар аз 262 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,
Муфассалтар дар инфографикаи Sputnik Тоҷикистон бихонед.
Ёдовар мешавем, акнун тибқи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҶМ) ва Кодекси ҷиноӣ (КҶ) дар Тоҷикистон акнун барои рондани мошин бо рақами давлати дигар ва ё қалбакӣ ҷаримаи ҳангуфт ва ҳатто маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Аз ҷумла, ба моддаи 313-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷавобгариро барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами давлатии шахси дигар ё додани рақами давлатӣ ба шахси дигар пешбинӣ мекунад, тағйирот ворид карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0