Эмомалӣ Раҳмон ба Дубай рафт

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаВизит Эмомали Рахмона в Дубай
Визит Эмомали Рахмона в Дубай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2023
Обуна шудан
Дар ҳамоиш ҳукуматҳо дар бораи тадбирҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои маҳдуд кардани болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ, ва коҳиши таъсири тағйири иқлим ба мувофиқа мерасанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафар иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кишвардорро Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва раисони палатаҳои поёниву болоии парлумони кишвар Муҳаммадтоир Зокирзода ва Рустами Эмомалӣ гусел кардаанд.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2023
Раҳмон: Тоҷикистон иқтидори истеҳсоли “энергия сабз”-ро ду баробар зиёд хоҳад кард
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии ӯ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Конфронси мазкур аз 30 ноябр то 12 декабр дар Дубай (АМА) баргузор шуда, қарор аст даҳҳо ҳазор меҳмон аз саросари ҷаҳон дар он ширкат кунад.
Дар ҳамоиш ҳукуматҳо дар бораи тадбирҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои маҳдуд кардани болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйири иқлим ба мувофиқа хоҳанд расид.
Лентаи хабарҳо
0