Тоҷикистон бо як вилояти Русия созишномаҳои бузурги тиҷорӣ баст: тафсилот

© SputnikБизнес-форум предпринимателей Таджикистана и Свердловской области Российской Федерации
Бизнес-форум предпринимателей Таджикистана и Свердловской области Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Обуна шудан
Ҳайатҳои Тоҷикистон ва вилояти Свердловск як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ намуда, бастаи санадҳоро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Вилояти Свердловск ва Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ самтҳои ҳамкориро муайян карданд.
Дар ин бора дар шӯъбаи сиёсати иттилоотии вилояти Русия дар паи натоиҷи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар Душанбе хабар доданд.
Ҳамин тариқ, раиси вилояти Русия Евгений Куйвашев ва раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва омодасозии кадрҳо тавофуқ карданд.
Ҳамзамон миёни ҳукумати вилояти Свердловск ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон созишномаи дахлдор ба имзо расид.
Ҷонибҳо ҳамчунин як санади дигаре ба имзо расониданд, ки дар он татбиқи робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисоду иҷтимоӣ ва гуманитариро дар назар дорад.
"Мо ният дорем, ки барои таҳсил дар минтақа шароити ҷолибтарин ва бароҳат фароҳам оварем. Боварӣ дорам, ки ин барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкониятҳои бузург фароҳам хоҳад кард", - гуфт губернатори вилояти Свердловск аз нақшаҳои худ.
Илова бар ин, дар ҷараёни ҳамоиш маълум шуд, ки Тоҷикистон таҷҳизоти геологии Урал ва дигар дастгоҳҳои рушди энержӣ ва навсозии нақлиётро дарёфт хоҳад кард.
Илова бар ин, ҷониби Русия омода аст меҳмононро дар чаҳорчӯби барномаҳои сайёҳии тиҷоратӣ, саноатӣ ва саломатӣ ва минтақаи Тоҷикистон – туризми экологӣ қабул кунад.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
ТАЛКО бо як ширкати русӣ шарномаи 3-миллиардрубла имзо мекунад
Ҷонибҳо зимни ҷамъбасти мулоқот изҳори итминон карданд, ки форуми мазкур ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи минтақавӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мусоидати муассир хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Суғд Раҷабба Аҳмадзода ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Свердловск низ мулоқот кардаанд.
Дар мулоқот бо раиси Суғд гуфта шуд, ки равобити корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Русия дар пасманзари таҳримҳои Ғарб таҳким меёбад.
Лентаи хабарҳо
0