"Равшан" - и Кӯлоб логотипи худро иваз мекунад

© Foto / ФК "Равшан"Кулябский "Равшан" меняет свой логотип со следующего сезона
Кулябский Равшан меняет свой логотип со следующего сезона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб шурӯъ аз соли нав дар ҳамаи мусобиқаҳо бо логотипи нав баромад мекунад. Мухлисони тими мазкур ба ин хабар бархӯрди гуногун доштанд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. "Равшан"-и Кӯлоб тасмим гирифт, ки аз соли 2024 аз логотипи анъанавӣ даст кашад. Раҳбарияти клуб ба далели баъзе тағйирот дар ҳайати даста чунин тасмим гирифтааст.
Футболбозони тоҷик ба ин хабар вокуниши мусбат нишон доданд. Як манбаъ дар клуб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, логотипи нав ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ буда, нисбат ба логотипи қаблӣ шевотар хоҳад буд.
Илова бар ин, дар клуби футбол дигаргуниҳои дигар низ ба амал меоянд. Масалан, варзишгоҳро таъмир карданд. Ҳамчунин, мактаби клуб нав хоҳад буд ва дар инфрасохтори даста як қатор тағйиротҳои дигар ба амал меоянд.
Он ҳамчунин ба логотипи расмии "Равшан" низ дахл кард. Акнун ба ҷои нишони кабуду сафед бо ду шер логотипи нави сурх, сафед ва кабуд бо гурбаҳои дарранда дар марказ табдил меёбад. Ва болои онҳо на тӯб мисли пештара, балки тоҷе хоҳад буд, ки рамзи халқи тоҷик аст.
Бозии Истиқлол бо Ал-Наср - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Зӯрозмоии "Истиқлол" ва "Ал-Наср" ба бозии рекордии гаронарзиш табдил хоҳад ёфт
Умуман, тимҳои Тоҷикистон логотипи худро хеле кам иваз мекунанд, аз ин рӯ, тағйири логотипи "Равшан", ки дар кишвар мухлисони зиёд дорад, ҳаяҷони зиёдеро ба бор овард.
Аммо ба баъзе аз мухлисон логотипи нав писанд наомад. Онҳо бар иннанд, ки логотипи нав ба логотипи бузурги Мюнхен - клуби "Бавария" хеле монанд аст.
Қисмати дигари мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ин логотип беҳтар ва ба даста мувофиқ аст.
Бояд гуфт, ки клуби "Равшан" соли 1965 таъсис ёфта, дар Тоҷикистон яке аз аввалинҳо мебошад. Ин даста ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуда, инчунин ду маротиба Ҷоми кишвар ва Суперҷоми футболро соҳиб гашт.
Лентаи хабарҳо
0