Навозандагони афғонистонӣ дар Душанбе консерт доданд - видео

Обуна шудан
Консерти оркестри "Зуҳра", ки умдатан аз духтарони афғонистонӣ иборат буд, дар театри Лоҳутӣ дар чаҳорчӯби "Гуфтугӯи амниятии Ҳирот" баргузор шуд
Дар Душанбе навозандагони афғонистонӣ, ки аслан аз Кобул буданд, барномаи фарҳангӣ доданд.
Консерти оркестрӣ, маъруф ба гуруҳи “Зуҳра” дар чаҳорчӯби “Гуфтугӯи амниятии Ҳирот” дар толори театри Лоҳутӣ баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки аксари навозандагони ин гурӯҳ духтаронанд ва худи ин гурӯҳ чанд сол қабл дар пойтахти Афғонистон таъсис ёфта буд, гуфт Довуд Муродиён ба Sputnik Тоҷикистон.
Раиси собиқи ISI – и Покистон аз афғонҳо пӯзиш хост: Чаро?
Аз соли 2012 конфронси “Муколамаи амнияти Ҳирот” аз сӯи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Афғонистон созмон дода шуда, то соли 2020 дар Ҳирот 9 давр баргузор шуд.
Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон* дар ин кишвар Институти тадқиқоти стратегии Афғонистон ба Аврупо рафт ва соли гузашта конфронси "Гуфтугӯ амнияти Ҳирот" ба кори худ шурӯъ кард, ки даври даҳуми ва имсол ёздаҳумаш дар Душанбе баргузор шуд.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0