Барф дар баландиҳои шимолу чангу ғубор дар ҷануб: пешгӯии обу ҳавои Тоҷикистон

© SputnikСнегопад в Согде
Снегопад в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Обуна шудан
Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар кишвар то 3 дараҷа паст шуда, шамол аз самти шарқ 7-12, дар баъзе манотиқ то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор мешавад
ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориш дар назар аст.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона аз 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борон-барф) ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо гузарш ба ғарб 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Заснеженные дома и деревья - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Аввалин барф дар Тоҷикистон
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7, рӯзона 14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгўӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа, рӯзона 12+17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона 5+7 ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0