https://sputnik.tj/20231128/vkd-taksiron-haqoratchi-dastgi-mujozot-1060636473.html
ВКД таксирони ҳақоратчиро дар Душанбе дастгиру муҷозот кард
ВКД таксирони ҳақоратчиро дар Душанбе дастгиру муҷозот кард
Sputnik Тоҷикистон
Акнун ин ронандаро зарур аст, ки барои амалаш ҷаримаро пардохт кунад ва ҳамчунин кори нав ҷӯяд, зеро дар ширкати қаблӣ гуфтаанд, ки бо ӯ кор намекунанд
2023-11-28T13:37+0500
2023-11-28T13:37+0500
2023-12-01T18:21+0500
вкд
дар тоҷикистон
ронанда
муҷозот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054123060_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_c2d9e2251f0259b6f51f1ad418373885.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ронандаи дағалгуфтор ва ё ҳақоратчӣ, ки навораш тайи чанд рӯз вокунишҳоро дар расонаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, дастгир шуд.Ба гузориши Раёсати ВКД дар пойтахт, мавсуф сокини 63-солаи пойтахт М.З аст, ки дар асоси таҳқиқи навор аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуд.Ахиран дар расонаҳои иҷтимоӣ хонуме навореро паҳн кард, ки ронандаи кирокаш ӯро дашном медиҳад.Зан мегӯяд, ронанда дар пайи фармоиш ҳозир шуд, аммо дид, ки ман дар дастам каме бор дорам, аз бурдан худдорӣ кард, ва дар пайи эътироз, ки шикоят мекунад, дашномҳои қабеҳ дод.Дар Душанбе назорат бар ронандагони автобусҳо пурзӯр мешавадЗимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ аз соли 2019 то ин замон ҳамчун ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашон дар ширкати ҶДММ "Сайёҳон" (Рахш такси-3333) кору фаъолият менамояд. Мақомот мегӯяд, мард бо дашномҳои қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст зада, тартиботи ҷамъиятиро низ вайрон кардааст.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати М.З тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шудааст.Маврид ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ як нишондиҳанда брои ҳисобҳо 68 сомониро ташкил медиҳад.Ҳамзамон гуфта мешавад, ки аз ҷониби ҶДММ "Сайёҳон" шартномаи хизматрасонӣ бо ронандаи дағалгуфтор қатъ карда шуд.Маврид ба зикр аст, ки ин ягона ҳолат набуда, қаблан низ ронандаҳо барои рафтори дағалона бо мусофирон боздошт ва ҷазо дода шуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054123060_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_5463a2b9c6e0804bcda66547c62ab65b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд таксирон ҳақоратчӣ душанбе дастгир муҷозот
вкд таксирон ҳақоратчӣ душанбе дастгир муҷозот
ВКД таксирони ҳақоратчиро дар Душанбе дастгиру муҷозот кард
13:37 28.11.2023 (Навсозишуда: 18:21 01.12.2023) Акнун ин ронандаро зарур аст, ки барои амалаш ҷаримаро пардохт кунад ва ҳамчунин кори нав ҷӯяд, зеро дар ширкати қаблӣ гуфтаанд, ки бо ӯ кор намекунанд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ронандаи дағалгуфтор ва ё ҳақоратчӣ, ки навораш тайи чанд рӯз вокунишҳоро дар расонаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, дастгир шуд.
Ба гузориши Раёсати ВКД дар пойтахт, мавсуф сокини 63-солаи пойтахт М.З аст, ки дар асоси таҳқиқи навор аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуд.
Ахиран дар расонаҳои иҷтимоӣ хонуме навореро паҳн кард, ки ронандаи кирокаш ӯро дашном медиҳад.
Зан мегӯяд, ронанда дар пайи фармоиш ҳозир шуд, аммо дид, ки ман дар дастам каме бор дорам, аз бурдан худдорӣ кард, ва дар пайи эътироз, ки шикоят мекунад, дашномҳои қабеҳ дод.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ аз соли 2019 то ин замон ҳамчун ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркашон дар ширкати ҶДММ "Сайёҳон" (Рахш такси-3333) кору фаъолият менамояд.
Мақомот мегӯяд, мард бо дашномҳои қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст зада, тартиботи ҷамъиятиро низ вайрон кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати М.З тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ як нишондиҳанда брои ҳисобҳо 68 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки аз ҷониби ҶДММ "Сайёҳон" шартномаи хизматрасонӣ бо ронандаи дағалгуфтор қатъ карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ягона ҳолат набуда, қаблан низ ронандаҳо барои рафтори дағалона бо мусофирон боздошт ва ҷазо дода шуданд.