Шикасти "Истиқлол" дар бозии муҳим аз “Ал-Дуҳайл”-и Қатар

© ФФТБозии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо чемпиони Қатар — дастаи "Ал-Дуҳайл"
Бозии дастаи Истиқлол-и Душанбе бо чемпиони Қатар — дастаи Ал-Дуҳайл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2023
Обуна шудан
Бозигарони тоҷик дар оғози бозӣ гол заданд, аммо VAR онро бекор карду, ҳамчунин чандин фурсатҳои дигарро барои кушодани ҳисоб аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон рақобати муҳимашро дар сафар бар “Ал-Дуҳайл”-и Қатар бохт.
Бозӣ шоми 27-уми ноябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халиф дар Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 поён ёфт.
Бозигарони тоҷик ҳарчанд фурсатҳои хуб барои голзанӣ доштанд, аммо истифода карда натавонистанд ва дар даври дуввум дарвозаашон рахна шуд.
Ду голи беҷавоби “Ал-Дуҳайл” – ро ба дарвозаи бошгоҳи душанбегӣ Михаел Олунга дар дақиқаҳои 47 ва 89-уми дидор зад.
Маврид ба зикр аст, ки ин дидори панҷуми дастаҳо дар чаҳорчӯби марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи "Е" буд.
 Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Ба Роналду раводид лозим аст?: Шарҳи вазорат
Маврид ба зикр аст, ки бозии нахустини дастаҳо дар Душанбе моҳи сентябр доир шуда, бидуни гол (0:0) хотима ёфта буд.
Тибқи ҳисоби холҳо дар гуруҳи “Е” тими “Ал-Наср”-и Саудӣ бо 13 имтиёз дар мақоми аввал, “Персеполис”-и Эрон бо 8 хол дар ҷойи дуввум ва “Ал-Дуҳайл”-у “Истиқлол” бо касби чаҳор ва ду имтиёзӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд.
Бозии шашуми "Истиқлол" дар доираи лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ 5 декабр дар Тоҷикистон доир мешавад. Мухлисон интизор доранд, ки Роналду дар ҳайати "Ан-Наср" вориди Душанбе мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ба даври 1/8 финали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа ва се дастаи холҳояшон болотар роҳ меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0