Пешниҳоди 12 ёдгории таърихии Хатлон ба ЮНЕСКО
09:02 28.11.2023 (Навсозишуда: 11:50 28.11.2023)
© Вазорати фарҳанги ТоҷикистонБудда в музее города Душанбе
© Вазорати фарҳанги Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ёдгориҳои "Хуттали қадим"-ро ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод кардаст. Ба ин ёдгориҳо 12 иншоот ворид мешаванд.
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки 12 ёдгории таърихии воқеъ дар вилояти Хатлонро дар номинатсияи муштарак таҳти унвони “Хуттали қадим” барои баррасӣ ба ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудаанд:
Қалъаи Золи Зард (ноҳияи Данғара, Хатлон),
Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (ноҳияи Данғара, Хатлон),
Шаҳраки Манзартеппа (ноҳияи Восеъ, Хатлон),
Шаҳристони Ҳулбук (ноҳияи Восеъ, Хатлон),
Мақбараи Шоҳони Хуттал (ноҳияи Восеъ, Хатлон),
Қалъаи Ҳулбук (ноҳияи Восеъ, Хатлон),
Шаҳраки Золи Зард (ноҳияи Фархор, Хатлон),
Шаҳртеппа (ноҳияи Фархор, Хатлон),
Корвон-сарой Тоҳир (ноҳияи Фархор, Хатлон),
Хишттеппа (ноҳияи Ховалинг, Хатлон),
Дайри Буддоии Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш, Хатлон),
Шаҳраки Ҳалевард - Кофирқалъа (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Хатлон).
Дар сурати аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудани ин номинатсияҳо, ба таври расмӣ ба рӯйхатти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, парвандаи номинатсионии ёдгории "Ҳулбук - пойтахти Хуттали қадим" шуруъ аз соли 2006 инҷониб зери омодашавӣ, таҳрир ва пешниҳод ба ЮНЕСКО қарор дошта, то инҷониб он 4 маротиба (2017,2018,2019,2020) мукаммал карда шуда, ба Дафтари минтақавии ЮНЕСКО (Алмаато) ва ба дафтари марказии ЮНЕСКО (Париж) равон гашта, танҳо январи соли 2021 ба рӯйхати пешакии Мероси умимиҷаҳонӣ ворид шудааст.
Инчунин тибқи номаҳои ҷавобии Дафтари марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса, ки дар он ба талаботҳои Конвенсияҳои Венагӣ вобаста ба ворид намудани ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ парвандаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида рушан зикр гардида, ислоҳро металабад.