https://sputnik.tj/20231126/nishondihanda-hisob-tojikiston-bolo-1060610744.html
Нишондиҳанда барои ҳисоби ҷаримаю кумакпулиҳо дар Тоҷикистон боло меравад
Нишондиҳанда барои ҳисоби ҷаримаю кумакпулиҳо дар Тоҷикистон боло меравад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки зимни ҳисоби ҷаримаю боҷу андоз дар Тоҷикистон кор бурда мешавад, аз аввали соли оянда афзоиш хоҳад ёфт
2023-11-26T12:34+0500
2023-11-26T12:34+0500
2023-11-26T12:34+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
зиёд шудан
нишондиҳанда
ҳисоббаробаркунӣ
буҷа
давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Аз 1 январи соли 2024 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ин нукта дар қонуни тасдиқшуда дар бораи буҷаи давлат барои соли 2024 таъкид гардидаст. Маврид ба зикр аст, ки соли равон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ буда, аз оғози соли ҷадид 4 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ин ба он маъност, ки бархе пардохтҳо низ дар ҷумҳурӣ зиёд хоҳанд шуд. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар қонуни буҷа барои соли оянда муқаррар мегардад. Он барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ татбиқ мегардад.Таъкид мешавад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.Маврид ба зикр аст, ки то соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буд ва тайи солҳои 2017-2018 ба 50 сомонӣ баробар гардид. Аз аввали январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомонӣ ва аз оғози январи соли 2020 58 сомонӣ муқаррар шуда буд. Соли 2021 он муодили 60 сомонӣ ва соли 2022 ба 64 сомонӣ баробар буд.
https://sputnik.tj/20231025/tuy-tojikiston-mablagh-1060155343.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нишондиҳанда, ҳисоб, афзоиш, ҷарима, пардохт, кумакпулӣ
нишондиҳанда, ҳисоб, афзоиш, ҷарима, пардохт, кумакпулӣ
Нишондиҳанда барои ҳисоби ҷаримаю кумакпулиҳо дар Тоҷикистон боло меравад
Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки зимни ҳисоби ҷаримаю боҷу андоз дар Тоҷикистон кор бурда мешавад, аз аввали соли оянда афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Аз 1 январи соли 2024 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ин нукта дар қонуни тасдиқшуда дар бораи буҷаи давлат барои соли 2024 таъкид гардидаст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ буда, аз оғози соли ҷадид 4 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ин ба он маъност, ки бархе пардохтҳо низ дар ҷумҳурӣ зиёд хоҳанд шуд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар қонуни буҷа барои соли оянда муқаррар мегардад.
Он барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ татбиқ мегардад.
Таъкид мешавад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буд ва тайи солҳои 2017-2018 ба 50 сомонӣ баробар гардид.
Аз аввали январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомонӣ ва аз оғози январи соли 2020 58 сомонӣ муқаррар шуда буд. Соли 2021 он муодили 60 сомонӣ ва соли 2022 ба 64 сомонӣ баробар буд.