https://sputnik.tj/20231125/smm-zanon-hukumati-afghoniston-shart-taomul-tolibon-1060609254.html
СММ: Ҳузури занон дар ҳукумати Афғонистони шарти таъомул бо толибон* аст
СММ: Ҳузури занон дар ҳукумати Афғонистони шарти таъомул бо толибон* аст
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои амнияти СММ пас аз гузориши вазъияти Афғонистон изҳор дошт бидуни ҳузури занон дар давлати ин кишвар ҳеҷ таъомули ҷаҳонӣ бо Толибон сурат намегирад
2023-11-25T20:01+0500
2023-11-25T20:01+0500
2023-11-27T12:11+0500
афғонистон
смм
кобул
толибон
занон
ҳуқуқ
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/93/1029199354_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_a5129127c38c19972a74c3a571620167.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Супурдани курсии намояндагиии Афғонистон дар Созмони Миллал яке аз хостаҳои ҷадиди толибон* аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст.Бо ин ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтиром ба ҳуқуқи занонро шарти нахусти шиносоии ин ҳукумат эълом кардааст.Ба гузориши Тансим, пас аз арзёбии гузориши Фаридун Синирли Уғлӯ, ҳамоҳангкунанда вижаи Созмони Миллал барои Афғонистон, Шӯрои амнияти ин Cозмон таъкид кард, ки супурдани курсии намояндагии Афғонистон дар СММ ва соири таъомулоти ҷаҳонӣ бо толибон бидӯни ҳузури занони афғон дар давлати ин кишвар имконпазир нест .Бар асоси баёнияи Шӯрои амнияти СММ ҳуқуқи асосии занону духтарон, аз ҷумла ҳаққи таҳсил ва кору намояндагӣ дар зиндагии умумӣ ва сиёсӣ илова бар ин, ки ҷузъе аз таъаҳҳудоти асосии як давлат аст, барои баландмуддат ва афзоиши сатҳи зарфияти давлатҳо ва ҳамчунон рушди иқтисодӣ низ зарурӣ мебошад.Пеш аз ин низ Шӯрои амнияти Созмони Милал аз Антонио Гутерриш, дабири кулли ин Созмони хоста буд, то арзёбии мустақилро аз вазъияти Афғонистони кунунӣ ироа кунад.Бо ин ҳол, Толибон дар вокуниш ба ин арзёбӣ эълом кардааст, ки ҳукумати Кобул муваззаф аст дар тамоми фаъолиятҳои арзишҳои динӣ ва манофеи миллии кишварро дар назар бигирад ва ба касе иҷозаи мудохила дар умури дохилии ин кишварро низ нахоҳад дод.* - Созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20231122/vokunish-tolibon-huzur-neruhoi-khoriji-afghoniston-1060555367.html
афғонистон
кобул
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/93/1029199354_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_205cecbb0ac1e4b338b35980ee208ee8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳукумат, смм, таъомул, толибон, ҳуқуқ, занон, осиёи марказӣ
афғонистон, ҳукумат, смм, таъомул, толибон, ҳуқуқ, занон, осиёи марказӣ
СММ: Ҳузури занон дар ҳукумати Афғонистони шарти таъомул бо толибон* аст
20:01 25.11.2023 (Навсозишуда: 12:11 27.11.2023) Шӯрои амнияти СММ пас аз гузориши вазъияти Афғонистон изҳор дошт, бидуни ҳузури занон дар давлати ин кишвар ҳеҷ таъомули ҷаҳонӣ бо толибон* сурат намегирад
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Супурдани курсии намояндагиии Афғонистон дар Созмони Миллал яке аз хостаҳои ҷадиди толибон* аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст.
Бо ин ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтиром ба ҳуқуқи занонро шарти нахусти шиносоии ин ҳукумат эълом кардааст.
Ба гузориши Тансим, пас аз арзёбии гузориши Фаридун Синирли Уғлӯ, ҳамоҳангкунанда вижаи Созмони Миллал барои Афғонистон, Шӯрои амнияти ин Cозмон таъкид кард, ки супурдани курсии намояндагии Афғонистон дар СММ ва соири таъомулоти ҷаҳонӣ бо толибон бидӯни ҳузури занони афғон дар давлати ин кишвар имконпазир нест .
Бар асоси баёнияи Шӯрои амнияти СММ ҳуқуқи асосии занону духтарон, аз ҷумла ҳаққи таҳсил ва кору намояндагӣ дар зиндагии умумӣ ва сиёсӣ илова бар ин, ки ҷузъе аз таъаҳҳудоти асосии як давлат аст, барои баландмуддат ва афзоиши сатҳи зарфияти давлатҳо ва ҳамчунон рушди иқтисодӣ низ зарурӣ мебошад.
Пеш аз ин низ Шӯрои амнияти Созмони Милал аз Антонио Гутерриш, дабири кулли ин Созмони хоста буд, то арзёбии мустақилро аз вазъияти Афғонистони кунунӣ ироа кунад.
Бо ин ҳол, Толибон дар вокуниш ба ин арзёбӣ эълом кардааст, ки ҳукумати Кобул муваззаф аст дар тамоми фаъолиятҳои арзишҳои динӣ ва манофеи миллии кишварро дар назар бигирад ва ба касе иҷозаи мудохила дар умури дохилии ин кишварро низ нахоҳад дод.
* - Созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.