https://sputnik.tj/20231125/korshinosi-tojik-muzokiroti-rahmon-putin-1060608524.html
Коршиноси тоҷик ҳадафи музокироти Раҳмону Путинро шарҳ дод
Коршиноси тоҷик ҳадафи музокироти Раҳмону Путинро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони ду кишвар ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос доданд, зеро аз ин кишвар таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир вуҷуд доранд
2023-11-25T17:59+0500
2023-11-25T17:59+0500
2023-11-25T17:59+0500
дар тоҷикистон
коршинос
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
музокирот
ҳамкорӣ
маскав
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101702/13/1017021383_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_52d07d1bc12b961de32adf6808a0dc7d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бо вуҷуди он ки ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви СПАД сурат гирифт, онро наметавон ба ин нишаст рабт дод.Гуфт дар ин бора Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Коршинос қайд кард, ки дар ҷараёни музокирот Путин ва Раҳмон ба мавзӯи амният дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ кардаанд.Аз ҷумла, ба Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, зеро аз қаламрави ин кишвар таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир вуҷуд дорад.Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр бо як сафари расмӣ ба Маскав сафар кард. Дар ҷараёни сафар ӯ бо раҳбари Русия Владимир Путин мулоқот анҷом дод.Сарони давлатҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.Илова бар ин, Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден "Барои хидмати шоиста дар назди Ватан" дараҷаи 3-ро "Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ миёни ду кишвар, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ" супурд.
https://sputnik.tj/20231121/putin-rahmon-masoil-amniyat-barrasi-khohand-1060547831.html
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101702/13/1017021383_50:0:1413:1022_1920x0_80_0_0_78b7ee9e5a5beffa42dadc293d15a4b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, путин, мулоқот, музокирот, коршинос
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, путин, мулоқот, музокирот, коршинос
Коршиноси тоҷик ҳадафи музокироти Раҳмону Путинро шарҳ дод
Раҳбарони ду кишвар ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос доданд, зеро аз ин кишвар таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир вуҷуд доранд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бо вуҷуди он ки ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви СПАД сурат гирифт, онро наметавон ба ин нишаст рабт дод.
Гуфт дар ин бора Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Ин як мулоқоти тарҳрезишуда буд, ки дар он Тоҷикистону Русия масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуда, ба муносибатҳо ҳамчун шарикони стратегӣ таҳким бахшиданд", - гуфт ӯ.
Коршинос қайд кард, ки дар ҷараёни музокирот Путин ва Раҳмон ба мавзӯи амният дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ кардаанд.
Аз ҷумла, ба Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, зеро аз қаламрави ин кишвар таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир вуҷуд дорад.
"Ин масъала барои тамоми кишварҳои ИДМ, бахусус барои ҷумҳуриҳои минтақа муҳим аст. Агар мушкилот дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ё Туркманистон ба миён ояд, ин ба тамоми Русия дахл хоҳад кард", - гуфт сиёсатшинос.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр бо як сафари расмӣ ба Маскав сафар кард. Дар ҷараёни сафар ӯ бо раҳбари Русия Владимир Путин мулоқот анҷом дод.
Сарони давлатҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Илова бар ин, Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден "Барои хидмати шоиста дар назди Ватан" дараҷаи 3-ро "Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ миёни ду кишвар, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ" супурд.