Тоҷикистон ва БРАО созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расониданд: миллионҳо доллар мегирад

© Sputnik / Макс Ветров / Гузариш ба медиабонкТерритория насосной станции
Территория насосной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Обуна шудан
Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори системаҳои ирригатсионӣ дар Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Зафаробод амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар доираи сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав созишнома миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки рушди Авруосиё (БРАО) ба имзо расид.
Ҳуҷҷат ҷудо кардани қарзи сармоягузорӣ аз Фонди Авруосиёии Субот ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи "Навсозии системаи обёрӣ"-ро пешбинӣ мекунад.
Ба санади мазкур вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори иҷроияи ин фонд Андрей Широков имзо гузоштанд.
Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори системаҳои ирригатсионӣ дар Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд амалӣ карда мешавад.
Пастух ведет стадо коз через плотину, пострадавшую от засухи, на окраине города Сана, Йемен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Осиёи Марказӣ зери хатар қарор дорад: мутахассисон чора меҷӯянд
Арзиши умумии лоиҳа 32 миллион доллар буда, пурра аз ҳисоби қарзи имтиёзноки Хазинаи Авруосиё маблағгузорӣ мешавад.
Татбиқи он соли 2024 оғоз шуда, соли 2029 ба охир мерасад.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар Маскав музокироти судманд анҷом доданд.
Дар ҷараёни сафари раҳбари Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳим ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0