https://sputnik.tj/20231123/tavsif-lukashenko-molho-tojikiston-mekharem-1060575612.html
Тавсифи Лукашенко аз молҳои Тоҷикистон: чи қадаре, ки бошад мехарем
Тавсифи Лукашенко аз молҳои Тоҷикистон: чи қадаре, ки бошад мехарем
Sputnik Тоҷикистон
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Беларус талаботи зиёд доранд, мегӯяд Лукашенко, таклиф кард, ки муомилоти моли байни ҷумҳуриҳо зиёд карда шавад
2023-11-23T12:14+0500
2023-11-23T12:14+0500
2023-11-23T12:14+0500
дар тоҷикистон
беларус
александр лукашенко
иқтисод
сиёсат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/17/1060573444_350:0:3073:1532_1920x0_80_0_0_53ce149b9d733ec0343310ae7820610b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Беларус ният дорад ҳаҷми интиқоли маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон афзоиш диҳад. Дар ин бора раисиҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко изҳор дошт, ва таъкид кард, ки он молҳоеро, ки дар дохили давлаташ истеҳсол намешаванд, аммо дар Тоҷикистон ҳастанд, мехарад. Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба муҳим будани бунёди як маркази бузурги тиҷоратии Тоҷикистон дар Минск ишора кард. "Шумо бояд бидонед, ки мо ҳама корро мекунем, то ки он дар ин ҷо бунёд шавад. Мо ба ташаббускорони шумо дар Минск се ҷой пешниҳод кардем. Агар онҳо қаноатманд набошанд, мо як макони дигарро интихоб мекунем", - изҳор дошт Лукашенко дар бораи пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон. Ба гуфтаи раҳбари Беларус, ба коло аз Тоҷикистон ниёзи зиёд хоҳад дошт. "Ҳамаи маҳсулоти шумо, ки шумо истеҳсол мекунед - алюминий, пахта ва ғайра - агар шумо онҳоро ба мо пешниҳод карда тавонед, дар ин ҷо талабот зиёд хоҳад буд",- гуфт Лукашенко. Раисиҷумҳури Беларус ҳамчунин таваҷҷуҳи худро ба гардиши хуби тиҷорат ва афзоиши он то 10 млн доллар дар соли 2023 ҷалб карда, онро қаноатбахш хонд.Илова бар ин, Лукашенко изҳор дошт, ки ҷониби Беларус омода аст ҳаҷми муомилоти молро то ҳадде, ки барои Тоҷикистони дӯст зарур бошад, афзоиш диҳад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 ноябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худ ба Русияро ба анҷом расонид, ки дар онҷо бо ҳамтои худ Владимир Путин музокирот анҷом дод. Пас аз он сарвари давлат барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди Минск шуд.
https://sputnik.tj/20231123/muloqot-rahmon-lukashenko-minsk-tafsilot-1060573673.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/17/1060573444_342:0:3073:2048_1920x0_80_0_0_ed10b681b92688684c90c40f3e0c2887.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф лукашенко молҳо тоҷикистон мехарем
тавсиф лукашенко молҳо тоҷикистон мехарем
Тавсифи Лукашенко аз молҳои Тоҷикистон: чи қадаре, ки бошад мехарем
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Беларус талаботи зиёд доранд, мегӯяд Лукашенко, таклиф кард, ки муомилоти моли байни ҷумҳуриҳо зиёд карда шавад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Беларус ният дорад ҳаҷми интиқоли маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон афзоиш диҳад.
Дар ин бора раисиҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко изҳор дошт, ва таъкид кард, ки он молҳоеро, ки дар дохили давлаташ истеҳсол намешаванд, аммо дар Тоҷикистон ҳастанд, мехарад.
"Ман мехоҳам, шумо донед: мо омодаем, ки маҳсулоти шумо, бахусус маҳсулоти кишоварзиро, ки дар мо нест, дар ҳама ҳаҷм бихарем", - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба муҳим будани бунёди як маркази бузурги тиҷоратии Тоҷикистон дар Минск ишора кард.
"Шумо бояд бидонед, ки мо ҳама корро мекунем, то ки он дар ин ҷо бунёд шавад. Мо ба ташаббускорони шумо дар Минск се ҷой пешниҳод кардем. Агар онҳо қаноатманд набошанд, мо як макони дигарро интихоб мекунем", - изҳор дошт Лукашенко дар бораи пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон.
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, ба коло аз Тоҷикистон ниёзи зиёд хоҳад дошт.
"Ҳамаи маҳсулоти шумо, ки шумо истеҳсол мекунед - алюминий, пахта ва ғайра - агар шумо онҳоро ба мо пешниҳод карда тавонед, дар ин ҷо талабот зиёд хоҳад буд",- гуфт Лукашенко.
Раисиҷумҳури Беларус ҳамчунин таваҷҷуҳи худро ба гардиши хуби тиҷорат ва афзоиши он то 10 млн доллар дар соли 2023 ҷалб карда, онро қаноатбахш хонд.
Илова бар ин, Лукашенко изҳор дошт, ки ҷониби Беларус омода аст ҳаҷми муомилоти молро то ҳадде, ки барои Тоҷикистони дӯст зарур бошад, афзоиш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 ноябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худ ба Русияро ба анҷом расонид, ки дар онҷо бо ҳамтои худ Владимир Путин музокирот анҷом дод.
Пас аз он сарвари давлат барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди Минск шуд.