Ваъдаи Мишустин барои татбиқи фаврии созишҳои роҳбарони Тоҷикистону Русия

© Дафтари матбуоти ҳукумати РусияМулоқоти сарвазири Русия, Михаил Мишустин бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон
Мулоқоти сарвазири Русия, Михаил Мишустин бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2023
Обуна шудан
Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон аз ҳадди 90 млрд рубл ва ё 10 млрд сомонӣ гузаштаст
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ҳукумат татбиқи фаврии созишҳои ҳосилшуда дар мулоқотҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Русияро таъмин мекунад.
Ин нуктаро сарвазири Русия, Михаил Мишустин дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми гардиши коло миёни ду кишвар дар нуҳмоҳа аз 90 млрд рубл бештар шуда, ҳаҷми умумии маблағгузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистон 148 млрд рублро ташкил додаст.
"Тиҷорати Русия ба пешбурди лоиҳаҳои нави муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо манфиатдор аст", - гуфт ӯ.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2023
Путин аз рушди босуръати равобити Русияву Тоҷикистон гуфт
Мишустин зикр намуд, ки зиёда аз 70 вилояти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон робитаҳои мустақими корӣ доранд, ки миёнашон Маскав, Санкт-Петербург, Тотористон, Бошқирдистон, Олтой, Астрахан, Нижний Новгород ва Новосибирск пешсафанд.
Вай ҳамчунин аз ҳамкорӣ дар соҳаи маориф тавсиф намуда, далел овард, ки феълан дар Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд, аз ҷумла ҳудуди 900 ҷой тибқи квотаи ҳукумат.
Сарвазири Русия инчунин аз Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ба рушди забони русӣ дар ҷумҳурӣ миннатдорӣ карда, 5 мактаби таҳсилот бо забони русиро рамзи нави дӯстии ҷонибҳо хонд.
Лентаи хабарҳо
0