Табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон беш аз 30% афзоиш ёфт

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкМинистр экономического развития РФ Максим Решетников
Министр экономического развития РФ Максим Решетников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2023
Обуна шудан
Аз Русия ба Тоҷикистон нафту маҳсулоти нафтӣ, чӯбу тахта, таҷҳизот ва нақлиёт, ва аз Тоҷикистон ба Русия маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва металл содирот мешавад
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар бораи шарикии дарозмуддати иқтисодӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст вазорати
Санади дахлдор миёни вазоратҳои рушди иқтисод ва савдои Русия ва Тоҷикистон ба имзо расид.
Санади мазкурро вазирон - Максим Решетников ва Завқӣ Завқизода имзо карданд.
Вазоратҳо ният доранд, ки ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи фазои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва ҳамкориҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ мусоидат кунанд.
Инчунин тасмим гирифта шудааст, ки ҷалби сармоягузориҳо тақвият дода шавад ва дар қаламрави ин минтақаҳо корхонаҳои муштарак таъсис дода шавад.
Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Русия Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2023
Аз муҳоҷирати меҳнатӣ то паркҳои саноатӣ: Раҳмон ва Мишустин чӣ тавофуқ карданд?
Тибқи санади мазкур тарафҳо табодули иттилоот ва таҷрибаи пешқадамро дар бораи ташаббусҳои миллӣ, стратегияҳои минтақавӣ, пешгӯии макроиқтисодӣ, барномаҳои мақсаднок ва дарозмуддат дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.
"Имрӯз Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Русия ба Тоҷикистон нафт ва маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти чӯбу тахта ва коғаз, таҷҳизот ва мошинҳо содирот мекунад", - афзуд Решетников.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон воридотро асосан аз ҳисоби таъмини нассоҷӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва металлургӣ қариб 9% афзоиш додааст.
Дар маҷмӯъ, аз рӯи ҷамъбасти 9 моҳи соли 2023 гардиши мол дар ҳаҷми 33 фоиз ва содирот 29% афзуд.
Лентаи хабарҳо
0