Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳамлаи ҷангандаҳои СУ-34 Русия ба анбору техникаҳои артиши Украина - видео

Обуна шудан
Ҷангандаҳои СУ-34-и нерӯҳои кайҳонии Русия дар амалиётҳои ахири худ мавқеъҳо ва анбори артиши Украина дар минтақаи ҷануби Донетск нобуд карданд
Ҳавопаймоҳои ҷангии Су-34-и Русия мавқеъҳои мустаҳкамшудаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар самти ҷануби Донетск нобуд карданд.
Халабонҳои ҷангандаҳои бомбандоз супоришҳои фармондеҳиро дар ҳар вакти рӯз ва дар ҳар шароити обу хаво иҷро мекунанд. Дар амалиёти навбатӣ мавқеъҳои мустаҳкамшудаи артиши Украина нобуд карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати дифои Русия хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ дар хати ҷабҳаи Донетск наздик ба 245 сарбозашро дар як шабонарӯз аз даст додааст.
Нерӯҳои Русия ҳамлаи ҷавобии низомиёни Украина дар самти Южнодонетскро ба ҳам заданд
“Талафоти якрӯзаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Донетск ба 245 нафар расидааст, дар ҳоле ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ду ҳамлаи украиниро дафъ кардаанд”, - иттилоъ дод манбаъ.
Ҳамзамон артиши Русия дар ин хати ҷанг ду мошини ҷангӣ пиёда, ду мошини боркаш ва тӯпи худгарди Мста-Б-ро нобуд карданд.
Лентаи хабарҳо
0