Аз Сомон то Комроншоҳ: даҳ паҳлавони тоҷик барои зӯрозмоӣ ба Токио мераванд

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2023
Обуна шудан
Ин мусобиқа дар доираи Сайри ҷаҳони ҷудо баргузор гардида, варзишгарон барои ба даст овардани холҳои олимпӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 талош мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Тоскулоҳи бузург, ки дар пойтахти Ҷопон доир мегардад, 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки кишварро дар соли қаблӣ танҳо се варзишкор намояндагӣ мекард.
Тоскулоҳи бузурги "Tokyo Grand Slam" рӯзҳои 2 ва 3 декабр дар шаҳри Токиё доир мешавад.
Ҷумҳуриро дар ин мусобиқа Муҳаммадсолеҳ Қуватов ва Меҳрзод Суфиев дар вазни -60 кг, Эмомалӣ Нураливу Обид Ҷебов дар вазни -66кг, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров дар вазни -73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар варзни -81 кг намояндагӣ мекунанд.
Боец клуба Ахмат Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2023
Ҷарроҳии пойи Алиев чӣ гуна гузашт?
Дар вазнҳои болотар бошад Комроншоҳи Устопириён -90 кг ва Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг вориди рақобатҳо мешаванд.
Дар маҷмуъ 400 паҳлавон аз 75 кишвар миёни мардону занон дар 14 вазн зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Муқаррар шудааст, ки ғолибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро мегиранд. Барандаҳои медалҳои нуқраи 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб хоҳанд шуд.
Аммо муҳимтар аз ҳама дар пайи бурдҳо дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Ҷопон ҷудокорони тоҷикистонӣ барои холҳо, ки барои роҳёбӣ ба Олимпиадаи Париж дар соли 2024 заруранд, мубориза мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0