Рақобати Тоҷикистону Покистон: Сафаров гуфт, барои гирифтани се имтиёз омадем

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная Таджикистана по футболу
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2023
Обуна шудан
Миллипӯшони кишвар ба ҳаводорони тими миллӣ ваъдаи се имтиёзро дар бозӣ бо Покистон доданд, ки ин барои марҳилаҳои баъдӣ ниҳоят муҳим аст
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Исломобод бозии дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" миёни милллипӯшони Тоҷикистону Покистон доир мешавад.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт зимни нишасти хабарии қабл аз бозӣ гуфт, ки рақобати вазнин дер пеш аст, аммо барои пирӯзӣ мубориза мебаранд.
Вай афзуд, ки бозигарон ба ин дидор омодаанд ва интизор аст, ки бозии зеборо нишон хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол ҳимоятгари даста Манучеҳр Сафаров дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ҳадаф ситонидани имтиёз аз ҳариф аст.
"Дар бозӣ бо Урдун як имтиёз ба даст овардем ва мехоҳем, ки аз Покистон бо се имтиёз баргардем ва ҳаводорони тими миллиро шод гардонем", - афзуд бозигар.
Ӯ мегӯяд, яккачини кишварро мебоист чанд рӯз пештар ба сафар мерафт ва бо бозӣ дар варзишгоҳ шинос мешуд, зеро чамани майдон дар Тоҷикистон сунъист ва дар ин майдон табиӣ аст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати мураббиёни тими миллӣ ба Исломобод 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро бурдаанд.
Ин дидор дар варзишгоҳи "Ҷинна"-и шаҳри Исломобод баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Покистону Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Ҷопон доварӣ мекунад.
Аномально теплая погода в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Аз сунъӣ ба гибридӣ: Чамани варзишгоҳи марказии Ҳисор иваз мешавад
Ҳамин тариқ довари марказӣ Юсуке Араки таъйин шуд ва Ҷун Михара ва Кота Ватанабе ба ҳайси ёвар фаъолият менамоянд.
Довари эҳтиётӣ Дуй Лан Нго аз Ветнам таъйин гардид. Кадҳум Ауда Лазим Ал-Саидӣ аз Ироқ нозири доварон ва Алим Орифов аз Ӯзбекистон комиссари бозӣ хоҳанд буд.
Бозии Тоҷикистон дар бозии гузаштааш, ки бо Урдун дар Душанбе доир кард, мусовӣ (1:1) поин ёфт, ки он ба бурди меҳмонон гардид, зеро холҳои бештар ба даст овард.
Ба гуфтаи коршиносони варзишӣ яккачини кишвао барои аз гуруҳ баромадан бояд сахт талош кунад ва Урдунро дар меҳмонӣ бибарад.
Ҳарифи дигари кишвар дар ин гуруҳ Арабистони Саудӣ аст, ки ҳоло дар садри ҷадвал қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0