Раҳмон сафарашро ба Маскав аз гулчанбаргузорӣ назди оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Э. Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата
Президент Таджикистана Э. Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2023
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон дар назди Оташи ҷовидон гулдастаи садбарги сурхро гузошт ва бо дақиқаи хомӯшӣ хотири қаҳрамонони ҷангро гиромӣ дошт
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Сафари расмии президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони “Александровский сад” қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд.
Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба президенти Тоҷикистон гузориш дод.
"Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Русияро пос доштанд", - афзудааст манбаъ.
Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ суруди миллии Тоҷикистон иҷро гардид.
Дар ин маросим раҳбари Тоҷикистонро намояндагони воломақоми ҳукумати Русия ҳамроҳӣ намуданд.
Дар идома қарор аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, раҳбари Русия дидору гуфтугӯ кунад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон возложил цветы к Могиле Неизвестного Солдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2023
Раисиҷумҳури Тоҷикистон вориди Маскав шуд
Хабар дода шуд, ки дар ҷараёни сафар мулоқотҳои раҳбарон дар доираи маҳдуда ва васеъ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ҷамъбасти сафар имзои як қатор санадҳо дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки ӯ пас аз сафараш ба Маскав қасд дорад, дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 23 ноябр дар Минск баргузор мешавад, ширкат кунад.
Лентаи хабарҳо
0