Дар Тоҷикистон наздики 1 млн кӯдакро зидди бемории хатарноке моякӯбӣ карданиянд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкВакцинация от кори
Вакцинация от кори  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳадаф аз ин чорабинӣ устувор нигоҳ доштани масунияти кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ ва пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда аст
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон нақша доранд, ки беш аз 830 ҳазор кӯдакро зидди сирояти пневмококк моякӯбӣ кунанд.
Дар ин бора сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷаъфаров Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барои гузаронидани ин чорабинии солимгардонӣ тамоми омодагиҳо гирифта шудааст.
“Беш аз як миллион воя ваксинаи “Синфлориос” аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ дастрас шудааст. Тамоми муассисаҳои вазорат низ барои гузаронидани чорабинӣ омодагӣ гирифтаанд”,- афзуд манбаъ.
Ӯ гуфт, ки иммунизатсияи оммавӣ аз имрӯз 20 ноябр оғоз шуда, тибқи нақша даҳ рӯз давом мекунад, аммо ба хотири пурра фаро гирифтан барои онҳое, ки бемор буданд ва ё фаромӯш карданд, як ҳафтаи дигар ҷудо карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бо мақсади таъмин намудани амнияти солимии аҳолии мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронида мешаванд.
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2023
Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон бемории сурхча нест
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш - устувор нигоҳ доштани масунияти кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ ва пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи Ҷаъфаров, вазъи эпидемиологӣ ҳоло ором ва пурра зери назорат буда, нисбат ба дигар кишварҳо беҳтар аст.
Лентаи хабарҳо
0