Таъйиноти кадрӣ дар ноҳияи Мастчоҳ: Сафарзода мансаби нав гирифт

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Обуна шудан
Дар Мастчоҳ мудири нави маориф таъйин шуд. Курсии мудир дар ин минтақа аз моҳи апрели соли равон ба ин тараф холӣ монда буд
ДУШАНБЕ, 19 ноя – Sputnik. Бо фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон Сафарзода Қудратбек Мирзобек ба вазифаи мудири шуъбаи маориф дар ноҳияи Мастчоҳ таъйин шудааст.
Дар ин бора масъули кор бо матбуоти ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ Фитрати Ҳикмат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилоъи манбаъ дар маросими муаррифии мудири нав муовини вазири маориф Зиёдулло Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Зайнура Умарзода ва дигар масъулони соҳаи маорифи вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ иштирок намуданд .
“Ҷаласа шоми дирӯз дар бинои бинои шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид” - гуфт, Ҳикмат.
Мансаби мудири шуъбаи маориф дар ноҳияи Мастчоҳ баъди барканор шудани Ибодулло Оқилов дар моҳи апрел, ҳашт моҳ ба ин тараф холӣ буд.
Сафарзода мудири маорифи Мастчоҳ кист?
Сафарзода Қудратбек Мирзобек 18 сентябри соли 1972 дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Таъйиноти кадрӣ дар Исфара: Атохонова, сардори Идораи маориф шуд
Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро бо ихтисоси технолог, омӯзгори фанни технология хатм намудааст. Ӯ то ин замон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Фаъолияти кории худро ба ҳайси омӯзгор соли 1993 дар МТМУ №26-и ноҳияи Мастчоҳ оғоз карда, баъдан соли 2011 дар ин муассисаи таълимӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият бурдааст.
Соли 2012 ба шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ба кор даъват шуда, то соли 2019 ба ҳайси мушовир оид ба корҳои тарбиявӣ, баъдан аз соли 2019 то моҳи апрели соли 2023 мутахассиси шуъбаи маориф кор мекунад.
Аз 17 ноябри соли соли 2023 бо фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуд.
Лентаи хабарҳо
0