Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский аз эҳтимоли ақибнишинии Украина гуфт

© AFP 2023 / ARIS MESSINISПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2023
Обуна шудан
Президенти Украина эътироф кард, ки таваҷҷуҳ ба кишвараш дар пасманзари шиддати даргирӣ миёни Исроил ва Ҳамос рӯй ба камшавӣ ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бидуни дастгирию таъминот нерӯҳои Украина водор ба ақибнишинӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт президенти кишвар, Владимир Зеленский.
Вай дар суҳбат бо расонаҳои ғарбӣ заъфи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва эҳтимоли ақибнишиниро эътироф кард.
"Тамаркуз ба Ховари Миёна ва дигар сабабҳо боиси заиф шудани таъминот ба Украина шуданд. Бе дастгирӣ мо ақиб мемонем", - овардааст Bloomberg аз қавли ӯ.
Таъкид шудаст, ки Киев махсусан дучори норасоии шадиди мушакҳои 155-мм шудааст.
Ахиран The Wall Street Journal зери сарлавҳаи "Вақти он расидааст, ки хаёлбофӣ дар бораи шикасти Русияро бас кунем" матлабе навиштааст, ки суқути Киев ва эътилофи ғарбиро дар майдони ҷанг пешгӯӣ мекунад.
Флаги США и Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пуштибонии ИМА аз Украина ба сустшавӣ шурӯъ кард: тавсияи Шеремет ба Сенат
Дар матлаб гуфта мешавад, ки ҳамлаи ҷавобии Украина ноком шуда, дар хатти ҷабҳа нишоне аз шикасти Русия дида намешавад ва иқтисоди Русия хароб нашудаву мардум ҳамоно пуштибонии сиёсати ҷорӣ ҳастанд.
Рӯзнома инчунин қайд мекунад, ки корхонаҳои дифои Русия ҳаҷми истеҳсоли худро афзоиш медиҳанд, Чин ва Ҳиндустон ба иқтисоди Русия кӯмак мекунанд ва Путинро "дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон" дастгирӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0