https://sputnik.tj/20231118/taghyiroti-kadri-khorugh-1060506899.html
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хоруғ
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хоруғ аз ба кадрҳои навтаъйин таъкид намуд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд
2023-11-18T10:35+0500
2023-11-18T10:35+0500
2023-11-18T10:35+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҳамкорӣ
хоруғ
тағйироти кадрӣ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба 10 мақоми холӣ дар ҳукумати Хоруғ кадрҳои нав таъйин шудаанд.Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, кадрҳои нав дар асоси хулосаи комиссияи озмун ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд. Аз ҷумла дар асоси пешниҳоди раиси Хоруғ, Суриев Орзу Акрамбекович роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр таъйин гардид.Зимни муаррифии кадрҳои навтаъин раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода таъкид кард, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд. Вай аз мақомдорҳои нав дархост намуд, ки зимни фаъолият дар вазифаҳояшон аз худ масъулияти бештарро баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ нишон диҳанд. Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд зиракиву ҳушёриро аз даст надода, ҳимояи манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузоранд, афзуд ӯ. Қаблан шаҳрдории Хоруғ барои ишғоли ҷойи холӣ дар сохторҳои мухталифи шаҳр озмун эълон карда буд.
https://sputnik.tj/20231103/taghyirot-kad-hukumat-amit-rahbaron-pazhuhishgoh-barkanor-1060305838.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талаб, шаҳрдор, хоруғ, вмкб, тағйироти кадрӣ
талаб, шаҳрдор, хоруғ, вмкб, тағйироти кадрӣ
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хоруғ
Раиси Хоруғ аз ба кадрҳои навтаъйин таъкид намуд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба 10 мақоми холӣ дар ҳукумати Хоруғ кадрҳои нав таъйин шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, кадрҳои нав дар асоси хулосаи комиссияи озмун ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.
Аз ҷумла дар асоси пешниҳоди раиси Хоруғ, Суриев Орзу Акрамбекович роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр таъйин гардид.
Зимни муаррифии кадрҳои навтаъин раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода таъкид кард, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд.
Вай аз мақомдорҳои нав дархост намуд, ки зимни фаъолият дар вазифаҳояшон аз худ масъулияти бештарро баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ нишон диҳанд.
Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд зиракиву ҳушёриро аз даст надода, ҳимояи манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузоранд, афзуд ӯ.
Қаблан шаҳрдории Хоруғ барои ишғоли ҷойи холӣ дар сохторҳои мухталифи шаҳр озмун эълон карда буд.