https://sputnik.tj/20231118/amonatbonk-chin-qarz-1060509581.html
"Амонатбонк" аз Чин қарзи дигар гирифт: Барои чӣ?
"Амонатбонк" аз Чин қарзи дигар гирифт: Барои чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
"Амонатбонк" то ҳол аз бонки давлатии чинӣ беш аз 80 млн доллари амрикоӣ қарз гирифта буд, як созишномаи дигари қарзӣ басту шарҳ дод, ки пул куҷо хоҳад рафт
2023-11-18T13:09+0500
2023-11-18T13:09+0500
2023-11-18T13:09+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарздиҳӣ
чин
амонатбонк
фоиз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/12/1060509712_22:0:911:500_1920x0_80_0_0_f31a023469d93dcebdb8513c41218099.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Раиси "Амонатбонк", Сироҷиддин Икромӣ ва президенти Бонки давлатии рушди Чин Тан Тсзюн созишномаи нави қарзӣ ба маблағи 100 млн юан ва ё қариби 14 млн доллари амрикоиро ба имзо расонданд. Ба иттилои дафтари матбуоти "Амонатбонк" зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории ду созмони молиявӣ аз соли 2008-ум инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст. Зикр гардид, ки давоми 15 соли ҳамкорӣ миёни бонкҳо 10 созишнома, аз ҷумла 9 созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 млн доллар ба имзо расонда шудааст. Ҳадафи аслии ба имзо расонидани созишномаи нави қарзӣ ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда арзёбӣ шудаст. Инчуни ба соҳибкороне, ки аз Чин молу маҳсулот ворид менамоянд қарз дода мешавад. Дар мавриди беш аз аз 81,5 млн доллар, ки бонки чинӣ то ҳол ба "Амонатбонк" дода шудаст, иттилоъ дода шуд, ки дар ин замина 74 лоиҳаҳои мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ гардиданд.Аз маблағҳои мазкур 35% барои рушди соҳаи кишоварзӣ, 46% барои рушди соҳаи саноат ва 19% барои дастгирии соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд. Инчунин, ба 4200 мизоҷ барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна қарзҳои хурд ҷудо карда шуда, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо дар бозори меҳнати кишвар зиёда аз 6900 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, омадаст иттилоия. Ҷонибҳо таъкид намудаанд, ки барои таҳкми ҳамкориҳои чораандешӣ хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20231116/iiao-vorid-usulho-iqtisodi-sabz-qabul-1060493359.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/12/1060509712_133:0:800:500_1920x0_80_0_0_38a97b126fde1fe6c9f8a2cb061f8d94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амонатбонк, чин, қарз, созишнома, қарз
амонатбонк, чин, қарз, созишнома, қарз
"Амонатбонк" аз Чин қарзи дигар гирифт: Барои чӣ?
"Амонатбонк" то ҳол аз бонки давлатии чинӣ беш аз 80 млн доллари амрикоӣ қарз гирифта буд, як созишномаи дигари қарзӣ басту шарҳ дод, ки пул куҷо хоҳад рафт
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Раиси "Амонатбонк", Сироҷиддин Икромӣ ва президенти Бонки давлатии рушди Чин Тан Тсзюн созишномаи нави қарзӣ ба маблағи 100 млн юан ва ё қариби 14 млн доллари амрикоиро ба имзо расонданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти "Амонатбонк" зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории ду созмони молиявӣ аз соли 2008-ум инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки давоми 15 соли ҳамкорӣ миёни бонкҳо 10 созишнома, аз ҷумла 9 созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 млн доллар ба имзо расонда шудааст.
Ҳадафи аслии ба имзо расонидани созишномаи нави қарзӣ ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда арзёбӣ шудаст.
Инчуни ба соҳибкороне, ки аз Чин молу маҳсулот ворид менамоянд қарз дода мешавад.
Дар мавриди беш аз аз 81,5 млн доллар, ки бонки чинӣ то ҳол ба "Амонатбонк" дода шудаст, иттилоъ дода шуд, ки дар ин замина 74 лоиҳаҳои мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ гардиданд.
Аз маблағҳои мазкур 35% барои рушди соҳаи кишоварзӣ, 46% барои рушди соҳаи саноат ва 19% барои дастгирии соҳибкории хурду миёна равона гардидаанд.
Инчунин, ба 4200 мизоҷ барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна қарзҳои хурд ҷудо карда шуда, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо дар бозори меҳнати кишвар зиёда аз 6900 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, омадаст иттилоия.
Ҷонибҳо таъкид намудаанд, ки барои таҳкми ҳамкориҳои чораандешӣ хоҳанд кард.