“Тирҳои заррин” барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон – видео

Обуна шудан
Эксклюзив
Дар Тоҷикистон бо баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд, интизор доранд, ки варзиши таърихӣ дигарбора дар кишвар рушду нумуъ хоҳад кард
Дар шаҳри Хуҷанд нахустин мусобиқаи ҷаҳонии камонварӣ барои дарёфти “Ҷоми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир шуд.
Зебинисо Рустамова, роҳбари Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дар Хуҷанд ва аз мубтакирони ин чорабинии варзишӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳадаф аз ташкили ин мусобиқаро шарҳ дод.
“Баргузор кардани чунин мусобиқаҳо бо иштироки варзишкорони кишварҳои зиёд шавқу завқи ҷавонону наврасони тоҷикро ба рушди ин намуди варзиш, ки таърихи хеле зиёд дорад бедор месозад” – таъкид намуд, Рустамова.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ба ин чорабинии варзишӣ рафт ва ҷараёни тирандозии варзишгаронро ба навор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинӣ 60 варзишгар аз кишварҳои Русия, Белорус, Арманистон, Гурҷистон, Покистон ва Қазоқистону Узбекистон ба ҳисоби варзишгарон аз манотиқи Тоҷикистон вориди сабқат шуданд.
Рустамова гуфт, камонварӣ дар Тоҷикистон чӣ мушкил доранд
Ёдовар мешавем, ки қаблан Рустамова гуфта буд, ки бо омадани роҳбарияти нав ба садри Федератсияи камонварӣ соҳа рушду такони нав гирифт.
Ӯ афзуд, ки дар Хуҷанд заминаи хуб фароҳам шуда, мардум низ ба варзиш ҷалб шудаанд, майли зиёд тамрин доранд.
Лентаи хабарҳо
0