БРАО аз камобӣ дар ОМ бонги изтироб мезанад: роҳҳал чист?: Тасвирбаён

Обуна шудан
Гузоришгарони БРАО дар пайи таҳқиқи ба хулосае омадаанд, ки минтақа амалан имконот барои тавсеаи обёрии заминҳоро аз даст дода, ба таҷдид ниёз дорад
Осиёи Марказӣ ба камбуди доимии об рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ амалкарди муштарак лозим аст, мегӯяд иқтисоддон Евгений Винокуров.

"Ягона роҳи сарфаи об дар обёрӣ ва кам кардани талафот солона ба андозаи 2,5% аст", — гуфт ӯ.

Илова бар ин, ба таъкиди вай, сармоягузорӣ, навсозии шабакаҳои обёрӣ ва гузаштан ба усулҳои нави обёрӣ зарур аст.
Гуфта мешавад, ки ба тавозуни об дар минтақа аз ҷумла омили афғонӣ (ҳукумати ин кишвар кандани канали Қуштеппаро роҳандозӣ кард, ки қариб нисфи оби рӯди Омӯро мегирад) тағирёбии иқлим ва рушди демографӣ таъсир мерасонад.
Минтақа метавонад дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва энергетика дар бӯҳрон қарор гирад.
Тибқи гузориши ҷадиди БРАО, минтақа амалан имконот барои тавсеаи обёрии заминҳоро аз даст додааст.
Рушди устувори Тоҷикистон зери хатар аст
Илова бар ин, об бо усулҳои кӯҳна бо истифода аз асбобҳои сертификатсиянашуда чен карда мешавад. Синни миёнаи инфрасохтори обёрӣ ба 50 сол ва дар каналҳои калони магистралӣ аз ин ҳам зиёдтар мерасад, ки ба таҷдид ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0