https://sputnik.tj/20231116/bozdidi-sayyohi-khoriji-khatlon-1060488857.html
Боздиди беш аз 63 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Хатлон
Боздиди беш аз 63 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки шумори сайёҳони хориҷие, ки барои боздид аз мавзеъҳои зебо ба вилоят сафар карданд, ба маротиб афзоиш ёфтааст
2023-11-16T17:42+0500
2023-11-16T17:42+0500
2023-11-16T17:42+0500
дар тоҷикистон
хатлон
сайёҳ
сайёҳӣ
хориҷӣ
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039721304_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_cf7b8fcfc06e557805826fb6ccf5fcfb.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар даҳ моҳи соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 63 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят боздид намудаанд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон” дар истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии ҳукумати вилояти Хатлон.“Аз шумораи умумии сайёҳони хориҷии ба вилояти Хатлон ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳиву истироҳатии шаҳру ноҳияҳои Норак 25630, Кӯлоб 5309, Ёвон 8200, Хуросон 1325, Шаҳритус 3570, Муъминобод 3160, Восеъ 2012 Ш. Шоҳин 6954 нафар боздид кардаанд”, - гуфт мудири аз шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Алимаҳмад Ниёзов.Дар ҳамин баробар шумораи сайёҳон дохилӣ низ ру ба афзоиш ниҳода, дар даҳ моҳи соли равон 603 633 нафар сайёҳони дохилӣ аз вилояти Хатлон боздид намудаанд.Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 121 меҳмонхона, 139 мавзеъҳои сайёҳӣ, 26 марказҳои сайёҳӣ ва 22 хатсайрҳои сайёҳӣ мавҷуд мебошад.Бояд гуфт, ки тибқи иттилои расмӣ давоми 9 моҳи соли равон шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 1 миллиону 27 ҳазору 600 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 ҳазору 900 нафар ё 18,0 фоиз афзудааст.Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 802 ҳазору 300 нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 17,1 фоиз зиёд мебошад.Дар ин давра аз ҳама зиёд ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 664 ҳазору 800 нафар, Қазоқистон 24 ҳазоу 900 нафар ва аз Русия 248 ҳазору 100 нафар шаҳрвандон ворид гардидаанд.
https://sputnik.tj/20231009/didori-sayyoh-mavzeho-zeboi-guliston-1059860804.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039721304_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_443b2193f887259c643e5582f247a48d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, сайёҳ, хориҷӣ, сайёҳат, сафар
тоҷикистон, хатлон, сайёҳ, хориҷӣ, сайёҳат, сафар
Боздиди беш аз 63 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Хатлон
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки шумори сайёҳони хориҷие, ки барои боздид аз мавзеъҳои зебо ба вилоят сафар карданд, ба маротиб афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар даҳ моҳи соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 63 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят боздид намудаанд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон” дар истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии ҳукумати вилояти Хатлон.
“Аз шумораи умумии сайёҳони хориҷии ба вилояти Хатлон ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳиву истироҳатии шаҳру ноҳияҳои Норак 25630, Кӯлоб 5309, Ёвон 8200, Хуросон 1325, Шаҳритус 3570, Муъминобод 3160, Восеъ 2012 Ш. Шоҳин 6954 нафар боздид кардаанд”, - гуфт мудири аз шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Алимаҳмад Ниёзов.
Дар ҳамин баробар шумораи сайёҳон дохилӣ низ ру ба афзоиш ниҳода, дар даҳ моҳи соли равон 603 633 нафар сайёҳони дохилӣ аз вилояти Хатлон боздид намудаанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 121 меҳмонхона, 139 мавзеъҳои сайёҳӣ, 26 марказҳои сайёҳӣ ва 22 хатсайрҳои сайёҳӣ мавҷуд мебошад.
Бояд гуфт, ки тибқи иттилои расмӣ давоми 9 моҳи соли равон шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 1 миллиону 27 ҳазору 600 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 ҳазору 900 нафар ё 18,0 фоиз афзудааст.
Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 802 ҳазору 300 нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 17,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра аз ҳама зиёд ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 664 ҳазору 800 нафар, Қазоқистон 24 ҳазоу 900 нафар ва аз Русия 248 ҳазору 100 нафар шаҳрвандон ворид гардидаанд.