https://sputnik.tj/20231115/qazoqiston-sodirot-mahsulot-iiao-afzoish-1060476501.html
Қазоқистон содироти маҳсулоташро ба кишварҳои ИИАО афзоиш дод
Қазоқистон содироти маҳсулоташро ба кишварҳои ИИАО афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Давлати Қазоқистон содироти маҳсулоташро ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар нӯҳ моҳи соли равон 11,8% афзоиш додааст
2023-11-15T17:59+0500
2023-11-15T17:59+0500
2023-11-15T17:59+0500
қазоқистон
авруосиё
содирот
маҳсулот
ииао
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/03/1052609198_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_8b0dd20a4148fbbe0510e9eb3c609527.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Аз моҳи январ то сентябри соли равон гардиши умумии колоҳои Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ба 20 655,2 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 2 фоиз кам шудааст.Дар ин давра содироти молҳо 7 818,8 млн долларро ташкил дод, ки 11,8% зиёд ва воридот то 12 836,4 млн доллар ё 8,9 фоиз коҳиш ёфт, хабар медиҳад сомонаи Bizmedia.kz.Дар сохтори савдои хориҷии Қазоқистон бо шарикони ИИАО кишвари Русия бартарӣ дорад, ҳиссаи он 91,7% -ро ташкил медиҳад.Сипас Қирғизистон бо ҳиссаи 4,8%, Белорус - 3,3% ва Арманистон - 0,2% қарор гирифтааст.Дар содироти молҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз ҳама бештар мошинҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу дастгоҳҳо мебошанд, ки 27,7% ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд.Ғайр аз ин, маҳсулоти саноати кимёӣ ва ба он вобаста 23,7%-ро ташкил медихад.Дар қисмати воридот аз кишварҳои ИИАО ба Қазоқистон ҳиссаи асосиро маҳсулоти ҳайвонот ва наботот, инчунин маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, ки 19,6%-ро ташкил медиҳад, ишғол мекунад.Металл ва маснуоти аз он сохташуда ба андозаи камтарин – 1 фоиз ворид карда мешавад.
https://sputnik.tj/20231114/tasir-hamgiroi-rushd-iqtisod-iiao-usuli-peshnihodkarda-toqaev-hisob-1060465093.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/03/1052609198_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_8de579b97029b0ab63634790de86020b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, содирот, маҳсулот, ииао, авруосиё, иқтисод
қазоқистон, содирот, маҳсулот, ииао, авруосиё, иқтисод
Қазоқистон содироти маҳсулоташро ба кишварҳои ИИАО афзоиш дод
Давлати Қазоқистон содироти маҳсулоташро ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар нӯҳ моҳи соли равон 11,8% афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Аз моҳи январ то сентябри соли равон гардиши умумии колоҳои Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕОИИ) ба 20 655,2 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 2 фоиз кам шудааст.
Дар ин давра содироти молҳо 7 818,8 млн долларро ташкил дод, ки 11,8% зиёд ва воридот то 12 836,4 млн доллар ё 8,9 фоиз коҳиш ёфт, хабар медиҳад сомонаи Bizmedia.kz.
Дар сохтори савдои хориҷии Қазоқистон бо шарикони ИИАО кишвари Русия бартарӣ дорад, ҳиссаи он 91,7% -ро ташкил медиҳад.
Сипас Қирғизистон бо ҳиссаи 4,8%, Белорус - 3,3% ва Арманистон - 0,2% қарор гирифтааст.
Дар содироти молҳо ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз ҳама бештар мошинҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу дастгоҳҳо мебошанд, ки 27,7% ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд.
Ғайр аз ин, маҳсулоти саноати кимёӣ ва ба он вобаста 23,7%-ро ташкил медихад.
Дар қисмати воридот аз кишварҳои ИИАО ба Қазоқистон ҳиссаи асосиро маҳсулоти ҳайвонот ва наботот, инчунин маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, ки 19,6%-ро ташкил медиҳад, ишғол мекунад.
Металл ва маснуоти аз он сохташуда ба андозаи камтарин – 1 фоиз ворид карда мешавад.