https://sputnik.tj/20231113/tojikiston-zaminlarza-takon-khf-talafot-1060444907.html
Тоҷикистонро ду заминларза такон дод: КҲФ гуфт, талафот надошт
Тоҷикистонро ду заминларза такон дод: КҲФ гуфт, талафот надошт
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гузориш медиҳад, ки тибқи маълумоти расида, дар натиҷаи заминларза талафот ва талафот ба қайд гирифта нашудааст
2023-11-13T09:45+0500
2023-11-13T09:45+0500
2023-11-13T11:08+0500
дар тоҷикистон
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102439/83/1024398311_0:40:3000:1728_1920x0_80_0_0_4399650247127e7207166c991d00399c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тоҷикистонро давоми ҳамагӣ чанд соат ду заминларза такон дод.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, ҳамин тариқ 13 ноябри соли 2023, ҷунбиши нахустин соати 00:54 ба вақти маҳаллӣ сабт шуда, ки марказаш дар 215 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 15 километр шимолу шарқи вилояти Тоҷикобод, дар қаламрави кишвари мо буд. Ҳамчунин субҳи ин рӯз соати 08:34 ба вақти маҳаллӣ аллакай дар пойтахти кишвар заминларза сабт шуд.Маркази заминларза дар 20-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 17-километрии шимолу шарқи ноҳияи Варзоб, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб воқеъ будааст. КҲФ гузориш медиҳад, ки тибқи маълумоти расида, дар натиҷаи заминларза талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 11 ноябр низ дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуда буд.Маркази ин заминларза 31 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22 километр аз шаҳри Норак, буда, қувваи ларзиш дар марказ 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3-баллро ташкил дод.Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.
https://sputnik.tj/20231031/tojikiston-se-marotiba-zaminlarza-rukh-1060241197.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102439/83/1024398311_123:0:2747:1968_1920x0_80_0_0_b8c6116df5b325602d05801164c0d578.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон заминларза такон кҳф талафот
тоҷикистон заминларза такон кҳф талафот
Тоҷикистонро ду заминларза такон дод: КҲФ гуфт, талафот надошт
09:45 13.11.2023 (Навсозишуда: 11:08 13.11.2023) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гузориш медиҳад, ки тибқи маълумоти расида, дар натиҷаи заминларза талафот ва талафот ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тоҷикистонро давоми ҳамагӣ чанд соат ду заминларза такон дод.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамин тариқ 13 ноябри соли 2023, ҷунбиши нахустин соати 00:54 ба вақти маҳаллӣ сабт шуда, ки марказаш дар 215 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 15 километр шимолу шарқи вилояти Тоҷикобод, дар қаламрави кишвари мо буд.
"Дар маркази заминларза қувваи зилзила 4 балл ва дар вилояти Тоҷикобод 3 баллро ташкил додааст",- афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин субҳи ин рӯз соати 08:34 ба вақти маҳаллӣ аллакай дар пойтахти кишвар заминларза сабт шуд.
Маркази заминларза дар 20-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 17-километрии шимолу шарқи ноҳияи Варзоб, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб воқеъ будааст.
"Қувваи заминларза дар маркази заминҷунбӣ 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил додааст", - афзудааст манбаъ.
КҲФ гузориш медиҳад, ки тибқи маълумоти расида, дар натиҷаи заминларза талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 11 ноябр низ дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуда буд.
Маркази ин заминларза 31 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22 километр аз шаҳри Норак, буда, қувваи ларзиш дар марказ 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3-баллро ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.