https://sputnik.tj/20231113/obuloy--pulho-buja-ojonsi-shahr-navohi-peshsaf-1060445590.html
"Обулой"-и пулҳои буҷа: Оҷонсӣ гуфт кадом шаҳру навоҳӣ пешсафанд
"Обулой"-и пулҳои буҷа: Оҷонсӣ гуфт кадом шаҳру навоҳӣ пешсафанд
Sputnik Тоҷикистон
Зарар бештар аз хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ сабт шудааст
2023-11-13T11:21+0500
2023-11-13T11:21+0500
2023-11-13T12:07+0500
оҷонсии зидди фасод
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
маблағи буҷа
норасоии буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон шаҳру навоҳие, ки зарфи нуҳ моҳ бештар аз ҳама маблағҳои буҷа дар он обулой шудааст, эълон кард.Ҳамин тариқ, дар натиҷаи тафтиши ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 37,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 37 млн сомонии (97,8%) он барқарор карда шуд.Дар ин бора муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода иттилоъ дод, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум".Аз маблағҳои ошкоршуда ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳри Душанбе 7,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 5,6 ва Спитамен — 3,7 млн сомонӣ пешсафанд.Дар ҷойҳои баъдӣ ноҳияи Айнӣ бо 3,2 млн зарар ба буҷа, Исмоили Сомонӣ — 2,5, Файзобод 2,3, Лахш — 2,2, Варзоб — 1,8, Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,6, Дӯстӣ — 1,6, Қубодиён — 1,5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 1,3, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шуғнон як миллионӣ. ва ба Мурғоб 711,9 ҳазор сомонӣ ҷойгиранд.Ба иттилои манбаъ, аз маблағҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.Талбакзода таъкид кард, ки дар умум зарфи нуҳ моҳ ҷониби мутахассисони агентӣ 206 тафтишу санҷишҳои гузаронидашуд, ки дар натиҷа 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
https://sputnik.tj/20231112/andozsuporanda-buzurg-tojikiston-naqsha-1060439331.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"обулой" пулҳо буҷа оҷонсӣ шаҳр навоҳӣ пешсаф
"обулой" пулҳо буҷа оҷонсӣ шаҳр навоҳӣ пешсаф
"Обулой"-и пулҳои буҷа: Оҷонсӣ гуфт кадом шаҳру навоҳӣ пешсафанд
11:21 13.11.2023 (Навсозишуда: 12:07 13.11.2023) Зарар бештар аз хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон шаҳру навоҳие, ки зарфи нуҳ моҳ бештар аз ҳама маблағҳои буҷа дар он обулой шудааст, эълон кард.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи тафтиши ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 37,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 37 млн сомонии (97,8%) он барқарор карда шуд.
Дар ин бора муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода иттилоъ дод, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Аз маблағҳои ошкоршуда ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳри Душанбе 7,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 5,6 ва Спитамен — 3,7 млн сомонӣ пешсафанд.
Дар ҷойҳои баъдӣ ноҳияи Айнӣ бо 3,2 млн зарар ба буҷа, Исмоили Сомонӣ — 2,5, Файзобод 2,3, Лахш — 2,2, Варзоб — 1,8, Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,6, Дӯстӣ — 1,6, Қубодиён — 1,5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 1,3, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шуғнон як миллионӣ. ва ба Мурғоб 711,9 ҳазор сомонӣ ҷойгиранд.
Ба иттилои манбаъ, аз маблағҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.
Талбакзода таъкид кард, ки дар умум зарфи нуҳ моҳ ҷониби мутахассисони агентӣ 206 тафтишу санҷишҳои гузаронидашуд, ки дар натиҷа 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.