Ҳамла ба мавқеи артиши Украина дар хати ҷабҳаи Запарожие - видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия ахиран видеои ҳамла сарбозони рус ба мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи Работинои вилояти Запарожиеро нашр карданд
Дар ин навор дида мешавад, ки сарбозони рус дар самти Запорожие мавқеи душманро дар наздикии дарахтзорҳо нобуд карданд.
Нерӯҳои Русия нуқтаҳои оташфишонро бо паҳподҳо зарбазананда, сипас ба мавқеъи воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Украина зуд ҳамла карданд. Сарбозони украинӣ ягона роҳи наҷотро интихоб намудан ва худро ба дасти сарбозони Русия таслим карданд.
Гурӯҳи нерӯҳои "Восток" то 145 сарбози украиниро нобуд кард
Ёдовар мешавем, ки тибҷи иттилои артиши Украина дар ҷараёни талоши шаш ҳамлаи бемуваффақият ба самти Донетск то 185 сарбозаш кушта ва захмӣ гардидааст.
“Дар самти Донетск артиши Русия бо пуштибонии ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаӣ шаш ҳамлаи қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бомуваффақият дафъ карданд. Душман дар минтақаҳои деҳаҳои Раздоловка, Николаевка ва Клешеевка сарбоз ва техникаи зиёде талафот дидааст”, - иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
Лентаи хабарҳо
0