https://sputnik.tj/20231110/qushun-dokhili-tojikiston-tayinoti-makhsus-1060418908.html
Дар қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон Бригадаи таъйиноти махсус ташкил мешавад
Дар қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон Бригадаи таъйиноти махсус ташкил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд, гуфт президент
2023-11-10T14:55+0500
2023-11-10T14:55+0500
2023-11-10T14:58+0500
амният ва мудофиа
дар тоҷикистон
вкд
пешсаф
қӯшунҳои таъиноти махсуси фармондеҳии марказии има
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0a/1060416376_42:0:1219:662_1920x0_80_0_0_c7415c21469a01c48dfcc179dcc327a1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъиноти махсус табдил дода шавад, дастур дод, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон. Вай зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони милиса дар рӯзи касбияшон, шароиту имкониятҳои муҳайёгардида дар қисми ҳарбиро барои ташкили бригадаи махсус мувофиқ хонд. Президент ҳайати фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбиро барои мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаву маҳорати касбӣ ва албатта, риояи ҳатмии қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизому тартибот вазифадор кард.Раисҷумҳур қӯшунҳои дохилиро яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ хонда, саҳми онҳоро дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум басо арзишманд арзёбӣ кард. "Дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбию ҷангӣ нишон доданд", - гуфт президент. Вай афзуд, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд.Ӯ гуфт, феълан Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ниҳоди боэътимоди ба душвориҳо тобовар вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро карда истодаанд.
https://sputnik.tj/20231110/rahmon-jahon-peshgui-ghayriimkon-1060419026.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0a/1060416376_189:0:1072:662_1920x0_80_0_0_dc43c3953cd872b214c5d99573211544.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, қӯшун, дохилӣ, ғайриқонунӣ, президент, набард
эмомалӣ раҳмон, қӯшун, дохилӣ, ғайриқонунӣ, президент, набард
Дар қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон Бригадаи таъйиноти махсус ташкил мешавад
14:55 10.11.2023 (Навсозишуда: 14:58 10.11.2023) Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд, гуфт президент
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъиноти махсус табдил дода шавад, дастур дод, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Вай зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони милиса дар рӯзи касбияшон, шароиту имкониятҳои муҳайёгардида дар қисми ҳарбиро барои ташкили бригадаи махсус мувофиқ хонд.
Президент ҳайати фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбиро барои мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаву маҳорати касбӣ ва албатта, риояи ҳатмии қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизому тартибот вазифадор кард.
Раисҷумҳур қӯшунҳои дохилиро яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ хонда, саҳми онҳоро дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум басо арзишманд арзёбӣ кард.
"Дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбию ҷангӣ нишон доданд", - гуфт президент.
Вай афзуд, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд.
Ӯ гуфт, феълан Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ниҳоди боэътимоди ба душвориҳо тобовар вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро карда истодаанд.