https://sputnik.tj/20231110/guzasht-harbi-namoishi-tekhnika-milisa-aks-1060425815.html
Гузашти ҳарбӣ ва намоиши техника дар рӯзи милиса - аксҳо
Гузашти ҳарбӣ ва намоиши техника дар рӯзи милиса - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Гузашти ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба муносибати "Рӯзи милитсияи тоҷик" дар ҳузури президент, Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд
2023-11-10T19:20+0500
2023-11-10T19:20+0500
2023-11-10T19:20+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
акс
ҳарбӣ
милиса
вкд
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0a/1060424817_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_c141d11ce4815971a5149ec375489dca.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0a/1060424817_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_0ffcf98299de7750b505d915dcdcaee1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҷлил, рӯз, милиса, техника, таҷлил, баргузор
таҷлил, рӯз, милиса, техника, таҷлил, баргузор
Гузашти ҳарбӣ ва намоиши техника дар рӯзи милиса - аксҳо
Гузашти ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба муносибати "Рӯзи милитсияи тоҷик" дар ҳузури президент, Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд

Чорабиниҳои асосии ҷашнӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Дар чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон - Рӯзи милитсияи тоҷик шодбош гуфт.

Президенти мамлакат хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилиро, хусусан, дар барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмин намудани шароиту муҳити орому осуда бузург гуфт.

Таъкид шуд, ки ҳукумат барои ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии ҳукумат зиёда аз 400 иншооту биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Бо дарназардошти шароиту имкониятҳои муҳайёгардида, дастур дода шуд, ки қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъиноти махсус табдил дода шавад.

Дар паради ҳарбӣ кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қушунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.

Дар баробари мардон, инчунин занону бонувони тамоми шохаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар паради низомӣ фаъолона иштирок карда, бомарши тантанавӣ қадам заданд.

Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпуши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи автомашинаҳои ҷангию хизматӣ, гузошта шуда буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони мақомот барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худ минбаъд низ омода буда, ба савганди ёдкардаи хеш содиқ мемонанд.