https://sputnik.tj/20231108/tojikiston-shirkat-khoriji-kishovarzi-raqami-1060368792.html
Тоҷикистон бо ҷалби ширкати хориҷӣ мехоҳад бахши кишоварзиро рақамӣ кунанд
Тоҷикистон бо ҷалби ширкати хориҷӣ мехоҳад бахши кишоварзиро рақамӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
"Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"-и Вазорати кишоварзӣ бо ширкати "IBT Education & Technology Group" Ёддошти тафоҳум имзо кард
2023-11-08T12:16+0500
2023-11-08T12:16+0500
2023-11-08T13:00+0500
дар тоҷикистон
канада
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
имзо
рақамӣ
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060368610_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_a3e596df9367d627176e94d965a3d62a.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони ширкати "IBT Education & Technology Group" - и Канада масъалаи рақамикунонии бахши кишоварзиро баррасӣ кард, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.Ахиран дар бинои вазорат мулоқоти муовини вазир Нигина Анварӣ бо президенти "IBT Education & Technology Group" Ҷо Шоукур баргузор гардид.Дар ин мулоқот тарафҳои масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзро баррасӣ намуданд.Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар мулоқот дар бораи дастовардҳо ибрози андеша намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд дар самти кумаки молиявию техникӣ, ташкили марказҳои омӯзишӣ барои занону духтарон, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳо, дастгирӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти нави инноватсионии кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо изҳор доштанд.Ҷиҳати пешбурди кор байни КВД "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати "IBT Education & Technology Group"-и Канада Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20231016/tojikiston-kishvarho-idm-mahsulot-kishovarzi-sodir-1059970680.html
канада
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060368610_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_0eac15033116b937c28cf817de9d7273.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷазорати кишоварзӣ, хориҷӣ, ширкат, рақамӣ, соҳа, ёддошт тафоҳум имзо
тоҷикистон, ҷазорати кишоварзӣ, хориҷӣ, ширкат, рақамӣ, соҳа, ёддошт тафоҳум имзо
Тоҷикистон бо ҷалби ширкати хориҷӣ мехоҳад бахши кишоварзиро рақамӣ кунанд
12:16 08.11.2023 (Навсозишуда: 13:00 08.11.2023) "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"-и Вазорати кишоварзӣ бо ширкати "IBT Education & Technology Group" ёддошти тафоҳум имзо кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони ширкати "IBT Education & Technology Group" - и Канада масъалаи рақамикунонии бахши кишоварзиро баррасӣ кард, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Ахиран дар бинои вазорат мулоқоти муовини вазир Нигина Анварӣ бо президенти "IBT Education & Technology Group" Ҷо Шоукур баргузор гардид.
Дар ин мулоқот тарафҳои масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар мулоқот дар бораи дастовардҳо ибрози андеша намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд дар самти кумаки молиявию техникӣ, ташкили марказҳои омӯзишӣ барои занону духтарон, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳо, дастгирӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти нави инноватсионии кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо изҳор доштанд.
Ҷиҳати пешбурди кор байни КВД "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати "IBT Education & Technology Group"-и Канада Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.