Озодапалангеро, ки чорвои сокини маҳаллиро кушт, аз Роштқалъа ихроҷ кардаанд

© Depositphotos.com \ Danio69Взрослый снежный барс
Взрослый снежный барс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2023
Обуна шудан
Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон озодапалангро дар макони куштор дар дохили оғилхона дастгир кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар ВМКБ озодапаланг 14 сар чорвои як сокини маҳаллиро кушт. Ҳодисаи мазкур дар ноҳияи Роштқалъа рух додааст, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Манбаъ мегӯяд, озодапаланг ба оғили сокини деҳаи Намадроҷи ҷамоати Тусён ворид шуда, 9 сар буз, 5 сар гӯсфандро кушта, 1 сар гӯсоларо захмӣ кардааст.
Манбаъ меафзояд, кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист палангро аз дохили оғилхона дастгир карда, ба ноҳияи Мурғоб интиқол доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон куштани озодапаланг мамнуъ буда, барои шикори ғайриқонунии он ҷавобгарии сангин муқаррар шудааст.
Архары на дороге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
"Экотерроризм": толибон дар Вахон оҳуву Марко Поло ғайриқонунӣ шикор мекунанд
Қаблан Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишварро қабул намуд, тибқи он барои шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 2 соли корҳои ислоҳӣ ё то 3 соли маҳрумият аз озодӣ дар пай дорад.
Агар ин кирдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил дар ҳудуди мамнуъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи экологӣ содир шуда бошад, ҷазо боз сангинтар мешавад.
Дар ин ҳолат нисбати шахси дастандаркор ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 1,5 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо метавонад татбиқ гардад. Маврид ба зикр аст, ки феълан як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 68 сомонӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0