https://sputnik.tj/20231107/rahmon-dushanbe-tojiksement-boz-somon-maosh-1060353047.html
Раҳмон дар Душанбе “Тоҷиксемент”-ро боз кард: коргарон аз 5 - 7 ҳазор сомонӣ маош мегиранд
Раҳмон дар Душанбе “Тоҷиксемент”-ро боз кард: коргарон аз 5 - 7 ҳазор сомонӣ маош мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Зимни ифтитоҳи корхона Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим шуморидааст
2023-11-07T12:41+0500
2023-11-07T12:41+0500
2023-11-07T12:41+0500
дар тоҷикистон
саноат
эмомалӣ раҳмон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/07/1060352822_0:54:3365:1947_1920x0_80_0_0_2703ffd54583453fef13f804bd18c884.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”-ро боз карданд.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, корхона дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар майдони 35 гектар ҷойгир шудааст.Гуфта мешавад, ки дар корхона дар маҷмуъ беш аз 700 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, маоши миёнаи коргарон 5100 сомонӣ ва мутахассисони техникию муҳандисӣ 7500 сомониро ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 500 ва 400 истеҳсол карда мешаванд.Гуфта мешавад, ки дар “Тоҷиксемент” истеҳсоли сементи сулфат ба роҳ монда шудааст, ки барои ҷумҳурӣ маҳсулоти стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва махсус, аз қабили нерӯгоҳҳо, нақбҳо, роҳу пулҳо ва дигар сохтмонҳо истифода карда мешавад."Корхона аз лиҳози экологӣ безарар буда, ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ намекунад ва дорои зиёда аз 50 ҳавотозакунак ё худ филтр буда, онҳо чанги сементро нигоҳ медоранд, ки дар коркарди дубораи маҳсулот истифода карда мешавад",- таъкид кардааст манбаъ.Хок, оҳаксанг, магнетит, сафедхок, қуми квартсит, гаҷсанг ва ангиштсанг, дар маҷмуъ ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон дастрас карда мешавад.Зимни ифтитоҳи корхона Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим шуморидааст.Ӯ ба роҳбарияти корхона супориш додааст, ки ба хотири таъмини тозагии экологӣ, озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифзи табиат ва ободонию кабудизоркунӣ дар атроф ва корхона 250 ҳазор дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонад.
https://sputnik.tj/20231014/sughd-istehsol-sement-kohish-1059956818.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/07/1060352822_349:0:3017:2001_1920x0_80_0_0_6199807086b27c25c86380199e8c3327.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон душанбе “тоҷиксемент” боз маош
раҳмон душанбе “тоҷиксемент” боз маош
Раҳмон дар Душанбе “Тоҷиксемент”-ро боз кард: коргарон аз 5 - 7 ҳазор сомонӣ маош мегиранд
Зимни ифтитоҳи корхона Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим шуморидааст
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”-ро боз карданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, корхона дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар майдони 35 гектар ҷойгир шудааст.
"Иқтидори истеҳсолии корхонаи сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент” дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар корхона дар маҷмуъ беш аз 700 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, маоши миёнаи коргарон 5100 сомонӣ ва мутахассисони техникию муҳандисӣ 7500 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 500 ва 400 истеҳсол карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар “Тоҷиксемент” истеҳсоли сементи сулфат ба роҳ монда шудааст, ки барои ҷумҳурӣ маҳсулоти стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва махсус, аз қабили нерӯгоҳҳо, нақбҳо, роҳу пулҳо ва дигар сохтмонҳо истифода карда мешавад.
"Корхона аз лиҳози экологӣ безарар буда, ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ намекунад ва дорои зиёда аз 50 ҳавотозакунак ё худ филтр буда, онҳо чанги сементро нигоҳ медоранд, ки дар коркарди дубораи маҳсулот истифода карда мешавад",- таъкид кардааст манбаъ.
Хок, оҳаксанг, магнетит, сафедхок, қуми квартсит, гаҷсанг ва ангиштсанг, дар маҷмуъ ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла конҳои дараи Харангон дастрас карда мешавад.
Зимни ифтитоҳи корхона Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим шуморидааст.
Ӯ ба роҳбарияти корхона супориш додааст, ки ба хотири таъмини тозагии экологӣ, озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифзи табиат ва ободонию кабудизоркунӣ дар атроф ва корхона 250 ҳазор дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонад.