https://sputnik.tj/20231106/vazir-hinduston-norozigi-tahrim-rusiya-1060349095.html
Вазири Ҳиндустон аз норозигӣ бо таҳримҳои зидди Русия гуфт
Вазири Ҳиндустон аз норозигӣ бо таҳримҳои зидди Русия гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ғарб таҳримҳои зидди Русияро ба шакле бозтоб дода истодааст, ки гӯиё бо онҳо тамоми ҷаҳон розист, аммо дар воқеъ чунин нест, изҳор дошт мақомдори Ҳиндустон
2023-11-06T20:38+0500
2023-11-06T20:38+0500
2023-11-06T20:38+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
таҳрим
аврупо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103015/45/1030154587_0:155:3086:1891_1920x0_80_0_0_c10b151c04498985b405d8e8fe16ec6d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Таҳримҳо алайҳи Русия танҳо барои Ғарб қулай аст ва на ҳама бо онҳо розӣ ҳастанд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, Субраманям Ҷайшанкар. Вай дар мусоҳиба бо Corriere della Sera гуфт, таҳримҳо фишанг дар дасти Ғарбанд ва аз он танҳо замоне истифода мекунад, ки барояш роҳат аст. "Аврупо бо гузаштаи мустамликавии худ, то замоне, ки амн буд, аз мушкилоти манотиқи дигари ҷаҳон нигарон набуд. Аммо вақте дар қитъаи Аврупо мушкилиҳо ба миён омад, Ғарб якдилии байналхалқиро талаб мекунад", - гуфт дипломат. Кишварҳои дигар низ мехоҳанд, ки манфиатҳои онҳо ба назар гирифта шаванд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон. Ӯ афзуд, иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон барои тобиши қонунӣ додан ба аъмоли худ танҳо замоне ба СММ муроҷиат мекунанд, ки гап сари манфиатҳои онҳо бошад. "Ин таҳримҳо аслан фишангҳое мебошанд, ки иқтисодҳои пешрафта дар ихтиёри худ ҳастанд, бар асоси механизмҳо ва салоҳиятҳое, ки дар тӯли солҳои тӯлонӣ сохта шудаанд. Онҳо ин фишангҳоро ҳангоме ки ба онҳо мувофиқ бошад, истифода мебаранд", - таъкид кард ӯ.Дар мавриди Украина таъкид кард, ки бояд қазия аз тариқи музокирот ҳал карда шавад ва Ҳиндустон омода аст, дар ин самт кумак кунад.
https://sputnik.tj/20231106/peskov-khastagi-ima-avrupo-ukraina-afzoish-1060343027.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103015/45/1030154587_179:0:2908:2047_1920x0_80_0_0_7b97de3876794f6129d116bd359c6c0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон, таҳрим, русия, розӣ, мақомдор, бозтоб
ҳиндустон, таҳрим, русия, розӣ, мақомдор, бозтоб
Вазири Ҳиндустон аз норозигӣ бо таҳримҳои зидди Русия гуфт
Ғарб таҳримҳои зидди Русияро ба шакле бозтоб дода истодааст, ки гӯиё бо онҳо тамоми ҷаҳон розист, аммо дар воқеъ чунин нест, изҳор дошт мақомдори Ҳиндустон
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Таҳримҳо алайҳи Русия танҳо барои Ғарб қулай аст ва на ҳама бо онҳо розӣ ҳастанд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, Субраманям Ҷайшанкар.
Вай дар мусоҳиба бо Corriere della Sera гуфт, таҳримҳо фишанг дар дасти Ғарбанд ва аз он танҳо замоне истифода мекунад, ки барояш роҳат аст.
"Аврупо бо гузаштаи мустамликавии худ, то замоне, ки амн буд, аз мушкилоти манотиқи дигари ҷаҳон нигарон набуд. Аммо вақте дар қитъаи Аврупо мушкилиҳо ба миён омад, Ғарб якдилии байналхалқиро талаб мекунад", - гуфт дипломат.
Кишварҳои дигар низ мехоҳанд, ки манфиатҳои онҳо ба назар гирифта шаванд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон.
Ӯ афзуд, иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон барои тобиши қонунӣ додан ба аъмоли худ танҳо замоне ба СММ муроҷиат мекунанд, ки гап сари манфиатҳои онҳо бошад.
"Ин таҳримҳо аслан фишангҳое мебошанд, ки иқтисодҳои пешрафта дар ихтиёри худ ҳастанд, бар асоси механизмҳо ва салоҳиятҳое, ки дар тӯли солҳои тӯлонӣ сохта шудаанд. Онҳо ин фишангҳоро ҳангоме ки ба онҳо мувофиқ бошад, истифода мебаранд", - таъкид кард ӯ.
Дар мавриди Украина таъкид кард, ки бояд қазия аз тариқи музокирот ҳал карда шавад ва Ҳиндустон омода аст, дар ин самт кумак кунад.