https://sputnik.tj/20231106/tijorat-elektroni-iiao-tahkim-1060346754.html
Тиҷорати электронӣ дар ИИАО таҳким меёбад
Тиҷорати электронӣ дар ИИАО таҳким меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё сари тавсеаи тиҷорати электронӣ бо назардошти содасозии расмиёти гумрукӣ ва таҳкими эътимод чораандешӣ дорад
2023-11-06T16:37+0500
2023-11-06T16:37+0500
2023-11-06T16:39+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
авруосиё
рушд
иқтисод
савдо
тиҷорат
электронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/09/1032969200_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_bf028e59131e0fb7033c761c63624540.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оператор барои тиҷорати электронии дохилӣ эҷод мешавад. Дар ин бора масъули Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Татяна Дубровская иттилоъ дода, афзуд, ки мақомоти гумрук ба равишҳои муосир ниёз доранд, ки ба рушди тиҷорат, амният, ҳифзи аҳолӣ ва иқтисодиёт нигаронида шудаанд. "Оператор касбияти фаъолият ва роҳати истеъмолкунандаи ниҳоиро, ки бо барасмиятдарории гумрукӣ сару кор нахоҳанд дошт таъмин мегардонад ва истеъмолкунанда бидуни анҷом додани амалҳои иловагӣ сари вақт амонаташро дастрас менамояд", - гуфт ӯ. Ин талош дар ҳолест, ки дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суръати рушди савдои электронӣ бештар аз ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. КИАО қаблан изҳор дошта буд, ки афзоиши аз ҳама бештари тиҷорати электронӣ дар сатҳи 30% дар соли 2022 дар Қазоқистон ва Русия ба қайд гирифта шудааст. Зикр гардид, ки дар соли 2022 фурӯши ҷаҳонӣ тавасути онлайн 19% бозори ҷаҳонии чаканаро ташкил дода, ба ҳисоби пулӣ аз 5,5 трлн доллар гузаштааст.Ба гуфтаи коршиносон, дар соли 2027 ҳиссаи тиҷорати ҷаҳонӣ 25% ё зиёда аз 9,1 трлн долларро ташкил хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20231105/overchuk-mustaqil-hamkori-iiao-rushd-1060342692.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/09/1032969200_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_f60144702ec8912bc4cc461dc265f287.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттиҳоди иқтисодии авруосиё, ташкил, расмиёт, гумрук
иттиҳоди иқтисодии авруосиё, ташкил, расмиёт, гумрук
Тиҷорати электронӣ дар ИИАО таҳким меёбад
16:37 06.11.2023 (Навсозишуда: 16:39 06.11.2023) Комиссияи иқтисодии АвруОсиё сари тавсеаи тиҷорати электронӣ бо назардошти содасозии расмиёти гумрукӣ ва таҳкими эътимод чораандешӣ дорад
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оператор барои тиҷорати электронии дохилӣ эҷод мешавад.
Дар ин бора масъули Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Татяна Дубровская иттилоъ дода, афзуд, ки мақомоти гумрук ба равишҳои муосир ниёз доранд, ки ба рушди тиҷорат, амният, ҳифзи аҳолӣ ва иқтисодиёт нигаронида шудаанд.
"Оператор касбияти фаъолият ва роҳати истеъмолкунандаи ниҳоиро, ки бо барасмиятдарории гумрукӣ сару кор нахоҳанд дошт таъмин мегардонад ва истеъмолкунанда бидуни анҷом додани амалҳои иловагӣ сари вақт амонаташро дастрас менамояд", - гуфт ӯ.
Ин талош дар ҳолест, ки дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суръати рушди савдои электронӣ бештар аз ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
КИАО қаблан изҳор дошта буд, ки афзоиши аз ҳама бештари тиҷорати электронӣ дар сатҳи 30% дар соли 2022 дар Қазоқистон ва Русия ба қайд гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки дар соли 2022 фурӯши ҷаҳонӣ тавасути онлайн 19% бозори ҷаҳонии чаканаро ташкил дода, ба ҳисоби пулӣ аз 5,5 трлн доллар гузаштааст.
Ба гуфтаи коршиносон, дар соли 2027 ҳиссаи тиҷорати ҷаҳонӣ 25% ё зиёда аз 9,1 трлн долларро ташкил хоҳад дод.