https://sputnik.tj/20231106/safar-emomali-rahmon-toshkand-1060345339.html
Тоҷикистон дар ҳамоиши сарони давлатҳо дар Тошканд иштирок мекунад
Тоҷикистон дар ҳамоиши сарони давлатҳо дар Тошканд иштирок мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар баробари сарони давлату ҳукуматҳои дигар дар ҳамоиши байналмилалӣ дар пойтахти Ӯзбекистон иштирок кунад
2023-11-06T13:34+0500
2023-11-06T13:34+0500
2023-11-06T13:38+0500
осиёи марказӣ
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
ҳамкорӣ
президент
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1a/1059066922_0:0:3632:2043_1920x0_80_0_0_5a04caecf8ab5644751eaffb10fbd398.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Сарони давлат ва ҳукуматҳои ҳашт кишвар дар дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок хоҳанд кард. Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд дар назар аст, иттилоъ дод дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон. Таъкид шудаст, ки нишасти 16-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд. "Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия. Дар Тоҷикистон роҳбарии давлат ва ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, аммо Душанбеи расмӣ ҳанӯз расман эълон накардааст, ки кӣ кишварро дар ҳамоиш намояндагӣ хоҳад кард. Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва гуманитарӣ дар доираи СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд. Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Феълан ба он Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
https://sputnik.tj/20231101/rusiya-tojikiston-dolonho-naqliyot-gustarish-1060273964.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1a/1059066922_410:0:3141:2048_1920x0_80_0_0_8d9be8bf545064392ae2969d18de3ae9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбарон, минтақа, тошканд, ӯзбекистон, иштирок
роҳбарон, минтақа, тошканд, ӯзбекистон, иштирок
Тоҷикистон дар ҳамоиши сарони давлатҳо дар Тошканд иштирок мекунад
13:34 06.11.2023 (Навсозишуда: 13:38 06.11.2023) Интизор меравад, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар баробари сарони давлату ҳукуматҳои дигар дар ҳамоиши байналмилалӣ дар пойтахти Ӯзбекистон иштирок кунад
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Сарони давлат ва ҳукуматҳои ҳашт кишвар дар дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок хоҳанд кард.
Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд дар назар аст, иттилоъ дод дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Таъкид шудаст, ки нишасти 16-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд.
"Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Дар Тоҷикистон роҳбарии давлат ва ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, аммо Душанбеи расмӣ ҳанӯз расман эълон накардааст, ки кӣ кишварро дар ҳамоиш намояндагӣ хоҳад кард.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва гуманитарӣ дар доираи СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Феълан ба он Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.