https://sputnik.tj/20231105/sad-norozigi-emomali-rahmon-nihol-1060334694.html
Се не, садҳо млн бояд бошад: Норозигии Эмомалӣ Раҳмон аз теъдоди ниҳолҳо
Се не, садҳо млн бояд бошад: Норозигии Эмомалӣ Раҳмон аз теъдоди ниҳолҳо
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ шинос шуда, аз номоишгоҳ боздид намудаст
2023-11-05T13:30+0500
2023-11-05T13:30+0500
2023-11-07T12:27+0500
дар тоҷикистон
ниҳол
ниҳолшинонӣ
эмомалӣ раҳмон
президент
супориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/05/1060335170_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_24bc23d6b15a9d03c1bb4b47693ba20d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Боғи миллӣ президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуд, ки барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегардад.Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дарахтони Боғи миллӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва барои мутобиқгардонӣ ба иқлим шинонида шудаанд. Сипас Раҳмон аз намоишгоҳи навъу намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ, ки аз ҷониби ҷамъияти "Пайванд" ва Агентии хоҷагии ҷангал ташкил гардида буд, дидан кард. Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектарро ташкил медиҳад.Айни замон дар ин ниҳолхонаҳо парвариши 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех ба роҳ монда шудааст, гузориш доданд ба президент. Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш дод, ки роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.
https://sputnik.tj/20230420/boghi-khotirot-tursunzoda-hamoish-kuhansarbozon-aks-1056578024.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/05/1060335170_0:0:1822:1366_1920x0_80_0_0_29c7a2478a6df0e503a36653e8e8dab3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
супориш, эмомалӣ раҳмон, густариш, ниҳолпарварӣ
супориш, эмомалӣ раҳмон, густариш, ниҳолпарварӣ
Се не, садҳо млн бояд бошад: Норозигии Эмомалӣ Раҳмон аз теъдоди ниҳолҳо
13:30 05.11.2023 (Навсозишуда: 12:27 07.11.2023) Президенти Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ дар Боғи миллӣ шинос шуда, аз намоишгоҳ боздид намудаст
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Боғи миллӣ президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуд, ки барои ободонию зебогии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегардад.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дарахтони Боғи миллӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва барои мутобиқгардонӣ ба иқлим шинонида шудаанд.
Сипас Раҳмон аз намоишгоҳи навъу намудҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ, ки аз ҷониби ҷамъияти "Пайванд" ва Агентии хоҷагии ҷангал ташкил гардида буд, дидан кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ фаъолият дошта, майдони парвариши ниҳол 100 гектарро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ин ниҳолхонаҳо парвариши 45 намуди дарахтону буттаҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан ба миқдори умумии 3 миллион бех ба роҳ монда шудааст, гузориш доданд ба президент.
Эмомалӣ Раҳмон ин шумораро нокифоя дониста, супориш дод, ки роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва боғҳо садҳо миллион дарахтонро омода ва барои ҳифзи табиат, кабудизоркунӣ, ободонӣ, зебоӣ ва беҳтар кардани муҳити зист равона созанд.