https://sputnik.tj/20231105/oshkor-naqsha-zelenskiy-1060336536.html
Ошкор шудани нақшаҳо Зеленскийро ошуфта кардааст
Ошкор шудани нақшаҳо Зеленскийро ошуфта кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Украина аз он нороҳат шудааст, ки нақшаҳояш дар мавриди сафар ба Исроил пеш аз муҳлат дастраси омма шудаанду барномаашро халалдор кардаанд
2023-11-05T15:31+0500
2023-11-05T15:31+0500
2023-11-05T15:31+0500
дар ҷаҳон
исроил
украина
боздид
қазия
владимир зеленский
нақша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/01/1057486844_0:20:3072:1748_1920x0_80_0_0_f13e0a5351e0fcc3c50aa71918b601bd.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский ният дошт аз Исроил боздид кунад, аммо ҳоло Киев дар бораи тағйир додани нақшаҳо фикр мекунад. Ин ба далели ифшои маълумот дар бораи сафари ӯ дар расонаҳо рух додааст, навиштааст нашрияи Times of Israel.Ба иттилои манбаъ, ифшои маълумот дар бораи сафари Зеленский ба амнияти президент ва эътимод байни мақомоти ду кишвар ва ҳамчунин ба равобити Украина ва Исроил таъсири манфӣ расонд. Чанд ҳафта пеш хабар дода шуд, ки Зеленский қасд дорад ба Исроил сафар кунад ва он ҳамчун нишони ҳамраъйӣ дар муборизаи ин кишвар алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза бозтобо ёфт. Украина аз оғози ташдиди низоъ дар навори Ғазза аз Исроил пуштибонӣ карда, ҳамраъии комили худро бо мавзеъгирии Исроил баён кардааст.Муноқишаи Фаластин ва Исроил бо манофеи ҳудудии тарафҳо алоқаманд буда, даҳсолаҳо боз манбаи ташаннуҷ ва ҷанг дар минтақа будааст.Даргирии ахир аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос ба Исроил ҳамла кард. Дар посух мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданду минтақаро ҳадафи зарба қарор доданд. Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар масоили ҳудудӣ ихтилоф доранд. Соли 1947 бо иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби СММ барои ташкили ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор шуд, вале фақат Исроил ташкил ёфт. Маскав яке аз роҳҳои ҳалли қазияро ташкили давлати мустақили Фаластин арзёбӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20231105/rusiya-ton-kumaki-bashardustona-ghazza-1060334002.html
исроил
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/01/1057486844_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_08ac973dc9b24a84ebff9e4c06d58a10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, зеленский, ошкор, халалдор, барнома
нақша, зеленский, ошкор, халалдор, барнома
Ошкор шудани нақшаҳо Зеленскийро ошуфта кардааст
Раҳбари Украина аз он нороҳат шудааст, ки нақшаҳояш дар мавриди сафар ба Исроил пеш аз муҳлат дастраси омма шудаанду барномаашро халалдор кардаанд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский ният дошт аз Исроил боздид кунад, аммо ҳоло Киев дар бораи тағйир додани нақшаҳо фикр мекунад.
Ин ба далели ифшои маълумот дар бораи сафари ӯ дар расонаҳо рух додааст, навиштааст нашрияи Times of Israel.
Ба иттилои манбаъ, ифшои маълумот дар бораи сафари Зеленский ба амнияти президент ва эътимод байни мақомоти ду кишвар ва ҳамчунин ба равобити Украина ва Исроил таъсири манфӣ расонд.
Чанд ҳафта пеш хабар дода шуд, ки Зеленский қасд дорад ба Исроил сафар кунад ва он ҳамчун нишони ҳамраъйӣ дар муборизаи ин кишвар алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза бозтобо ёфт.
Украина аз оғози ташдиди низоъ дар навори Ғазза аз Исроил пуштибонӣ карда, ҳамраъии комили худро бо мавзеъгирии Исроил баён кардааст.
Муноқишаи Фаластин ва Исроил бо манофеи ҳудудии тарафҳо алоқаманд буда, даҳсолаҳо боз манбаи ташаннуҷ ва ҷанг дар минтақа будааст.
Даргирии ахир аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос ба Исроил ҳамла кард. Дар посух мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданду минтақаро ҳадафи зарба қарор доданд.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар масоили ҳудудӣ ихтилоф доранд. Соли 1947 бо иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби СММ барои ташкили ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор шуд, вале фақат Исроил ташкил ёфт. Маскав яке аз роҳҳои ҳалли қазияро ташкили давлати мустақили Фаластин арзёбӣ мекунад.