Аз санҷиш гузашт: "Сангтӯда-1" сад фисад ба истеҳсоли барқ дар зимистон омода аст

© Foto / © пресс-служба "Сангтудинская ГЭС-1"Сангтудинская ГЭС-1
Сангтудинская ГЭС-1 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Обуна шудан
Бар асоси натиҷаҳои санҷиш ба нерӯгоҳи барқи обӣ шаҳодатномаи омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2023 то соли 2024 супурда шуд
ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" дар мавсими тирамоҳу зимистон сад фисад ба кор омода аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти нерӯгоҳи барқи обӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ин нерӯгоҳи барқи обӣ метавонад шабакаи энержии Тоҷикистонро бо нерӯи барқи боэътимод ва бефосила таъмин кунад.
Комиссияи махсус дар рафти тафтиш инчунин изҳор намуд, ки шартҳои асосӣ ва иловагии истгоҳ барои кори пурмаҳсул пурра иҷро карда шудаанд.
"Индекси омодагии ҶСК "НБО Сангтӯда-1" ба 1 баробар аст (100% омодагӣ бидуни камбудӣ), - таъкид кард хадамоти матбуоти истгоҳ.
Ҳамин тариқ, тибқи натиҷаи санҷиш ба нерӯгоҳи барқи обӣ шаҳодатномаи омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистон аз соли 2023 то соли 2024 супурда шуд.
Омодагии нерӯгоҳҳои барқии обӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистон ҳар сол санҷида мешавад.
Дар ин раванд комиссияи махсус имкони таъмини кори бефосила ва муътадили корхонаро дар давраи тирамоҳу зимистон арзёбӣ мекунад.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ​​чӣ қадар даромад гирифт?
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр доранд.
Лентаи хабарҳо
0