Хоркашев миёни собиқадорони ҷудо қаҳрамони ҷаҳон шуд

© © FIASТаджикский самбист Набимухаммад Хоркашев
Таджикский самбист Набимухаммад Хоркашев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ байни устодони соҳа 21 ҷудокори аз 33 то 70-сола дар рақобатҳо байни мардон муаррифӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев қаҳрони ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон шуд.
Ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон дар шаҳри Абу-Заби ки аз 31 -уми октябр то 3-юми ноябр доир шуд, ин унвонро соҳиб гашт, хабар медиҳад, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон мунтахаби кишвар як нуқра ва се биринҷии дигар ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, Хоркашев барои расидан ба ин зина дар чаҳор рақобат 3 ҷудокори қазоқ ва 1 паҳлавони ӯзбекро мағлуб намуда,
Нуқраро бошад, ба мунтахаби Тоҷикистон Мақсадшо Бердиеви 36-сола дар вазни то 90 кило овард.
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Набарди Нурулло Алиев ва Матеуш Ребетски дар UFC лағв шуд - тафсилот
Вай пас аз пирӯзӣ бар ҷудочиёни Озарбойҷон, Фаронса, Италия, дар финал аз намояндаи Гурҷистон Паата Гвиниашвили мағлуб шуда, ҷойи дуюмро гирифт.
Ҳамчунин се паҳлавони дигар- Ҳабибулло Маҷидови 70-сола дар вазни то 81 кило, Хайрулло Назриеви 61-сола дар вазни беш аз 100 кило ва Беҳрӯз Сабзалиеви 47-сола дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.
Тибқи гузориши Федератсияи байналмилалии ҷудо дар мусобиқаи мазкур 1011 ҷудокор аз 68 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, мувофиқи сину сол ва вазнашон ба гурӯҳҳо тақсим шуданд.
Тоҷикистонро бошад, дар ин мусобиқот 21 ҷудокори аз 33 то 70-сола дар рақобатҳо байни мардон муаррифӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0