ИИАО қасд надорад содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқро манъ кунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонКуриные яйца
Куриные яйца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Обуна шудан
Ҳадди аққал, ба Департаменти сиёсати аграрии Иттиҳодияи Аврупо чунин пешниҳодҳо нарасидааст, қайд кард директори департамент
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи ҷорӣ кардани манъи содироти гӯшти мурғ ва тухмро баррасӣ намекунанд.
Дар ин бора директори департаменти сиёсати агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Армен Арутюнян хабар дод.
"Мо то ҳол чунин маълумот надорем",- гуфт ӯ.
Мувофиқи изҳороти вай ба ТАСС, то кунун "чунин маълумот ба департаменти сиёсати аграрии Комиссияи иқтисодии Авруосиё ворид нашудааст".
Гуфта мешавад, ки ин масъала пас аз тасмими Русия дар бораи маҳдуд кардани содироти як қатор маҳсулот аз ин кишвар матраҳ шуд.
Бутылки с подсолнечным маслом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Маҳсулоти худӣ дар кишварҳои ИИАО бештар мешавад
Ҳамин тариқ, қаблан Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия пешниҳод карда буд, ки аз 1 декабри соли 2023 то 31 майи соли 2024 содироти баъзе навъҳои гӯшти парранда муваққатан манъ карда шавад.
Қайд карда мешавад, ки ин маҳдудиятҳо ба маҳсулоте, ки ба кишварҳои ИИАО содир мешавад, дахл надоранд.
Лентаи хабарҳо
0